ВКД Русия ба вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон иҷоза дод, лекин на ҳама ба Русия баргашта метавонанд. Ин танҳо ба онҳое дахл хоҳад дошт, ки манъи вурудашон аз ҷониби ВКД содир шудааст. Барои он муҳоҷироне, ки бо қарори суд ихроҷ шудаанд, вуруд ба муҳлати аз ҷониби мақомоти суд муқарраршуда манъ боқӣ мемонад.
Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шабакаи youtube-и худ дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия нашр кард.
Дар ин дастурамал доир ба чӣ гуна огоҳ гардидан аз манъи вуруд ба Русия муфассал маълумот дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.