Овозхони маъруфи Русия ва зодаи Тоҷикистон Манижаи 30-сола (Манижа Сангин) хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд.

Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр кардааст, ки зери он чунин навишта шудааст: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.


Коргардон Ладо Кватания ба овозхон пешниҳоди издивоҷ кардааст. Аз муносибатҳои онҳо моҳи апрел маълум шуд, ки он замон Кватания ба Нидерланд рафт, то ки Манижаро дар озмуни Евровидение-2021 дастгирӣ кунад. Маҳз ӯ таҳиягар ва басаҳнагузори таронаи Russian Woman мебошад.

Манижа ва Ладо
Сурат аз КП.ру

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 - сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Манижа имсол дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ карда, бо суруди Russian Woman зинаи 9-умро ишғол намуд.

Дар бораи Лада Кватания маълум аст, ки ӯ соли 2009 РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, сипас дар курсҳои сенариянависии Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи санъати кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.

Аз замони донишҷӯӣ бо сенарияҳои худ ба наворбардории филмҳои кӯтоҳмуддат оғоз намуда, то имрӯз барои Оксимирон, Делфина, Хаски намоҳангҳо (клипҳо) ва барои тамғаҳо (брендҳо)-и маъруфи ҷаҳонӣ наворҳои рекламавӣ таҳия кардааст.

Аввалин филми бадеии Кватания “Казнь” (Қатл)  27 январи соли 2022 ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин филм доир ба кушторҳои силсилавӣ Юлия Снигир, Виктория Толстоганова, Даниил Спиваковский ва Аглая Тарасова нақш бозидаанд.

Манижа дар бораи маросими издивоҷи оянда ҳоло ҳеҷ маълумоте намедиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.