Хушбахт Азизбеков, омӯзгори риёзии мактаби шумораи 7-и шаҳри Хоруғ барандаи озмуни "Омӯзгори сол - 2021" дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бораи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.
Хушбахт Азизбеков, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки барои ба даст овардани ҷоизаи озмуни «Омӯзгори сол-2021» як сол омодагии ҷиддӣ дидааст.
«Хеле мехостам дар озмун дониши худро санҷиш бикунам ва ба ҳамин хотир як сол омодагӣ дадам. Ва имрӯз сазоври ин унвон гардидам, ки бароям хеле муҳим аст. Яъне меҳнате, ки як сол кардам имрӯз натиҷа дод», - мегӯяд Хушбахт.
Номзадии ин омӯзгоро ба озмуни мазкур Раёсати маорифи ВМКБ пешбарӣ намудааст.
Хушбахт Азизбеков, 27-сол дошта, таҷрибаи кории панҷсола дорад. Ӯ мегӯяд, факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст. Ва имрӯз ба ҳайси омӯзгори ин ришта ба хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Хоруғ дарс медиҳад. Худи ин омӯзгор зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ мебошад.

Ҳамчунин Моҳира Мусоева, омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби №8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгори фанни физикаи мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Тағоев, омӯзгори физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун”-и Данғара дар ин озмун аз сӯйи Кумитаи тадорукоти озмун соҳиби тӯфа шудаанд.
Ин озмун 25-уми январ озоз шуда, 27-уми январ ҷамъбаст шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳавопаймои “Уралские авиалинии” дар хатсайри Масква-Кӯлоб аз нимароҳ баргашт. Чаро?
Аз коҳиши содироти пахта Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Дар Ӯзбекистон барои истифодаи барқу газ меъёри истеъмолӣ ҷорӣ мекунад
Баргузории фестивали K-pop дар Душанбе
DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд
Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд
Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?
Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста