Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо аз Душанбе дар як ҳафта як маротиба - рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30 ва аз Деҳлӣ - соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаст. Парвози аввалин рӯзи 9 апрел дар назар аст.
Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, ба мусофироне, ки аз ваксингирӣ пурра гузаштаанд, ҳангоми бақайдгирии билет ба парвоз аз Душанбе ба Деҳлӣ пешниҳоди танҳо сертификати ваксинатсияи пурра бо забони англисӣ кофист.
Шахсоне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ бо забони англисӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд.
Ғайр аз ин ин, мусофироне, ки ба Деҳлӣ сафар мекунанд, бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration дубора сабти ном кунанд.
Мусофироне, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Маълумоти муфассал ва харидани билет ба хатсайри мазкур дар сомонаи ширкат, хазинаҳои билетфурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши билетҳои ширкат (Call-центр) қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.