Имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид намекунад, мутмаин аст профессори Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пӯлодов. Лекин барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) таҳияи барномаи сарфаи об лозим аст.

Тағйирёбии маҷрои дарёҳо як падидаи маъмулӣ аст

Чанде пеш намояндагони навоҳии воқеъ дар соҳили дарёи Панҷ изҳори нигаронӣ карданд, ки ҷараёни об аз меъёр камтар шуда, дар як сония ҳамагӣ 280 метри мукаабро ташкил медиҳад. Ва ин, ба гуфтаи мансабдорони маҳаллӣ, боиси камбуди об барои обёрӣ шуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи назари мутахассисон, хароҷоти миёнаи дарозмуддат дар давраи мушоҳидаҳои гидрологӣ дар минтақаи ба охир расидани ташаккули маҷрои оби Панҷ 989 метри мукааб дар як сония ё 31,2 километри мукааб дар як солро ташкил дода, баъзе муҳаққиқон онро аз 1000 то 1032 метри мукааб дар як сония арзёбӣ мекунанд.

Профессор Яраш Пӯлодов мегӯяд, тағйирёбии ҳаҷми маҷрои рӯдхонаи наздимарзии Панҷ барои мавсиму солҳо гуногун аст. Тағйирёбиҳои солона метавонанд аз ҳисоби миёна хурдтар ё калонтар бошанд. Истифодаи об на танхо дар солу мавсим, балки дар моҳу рӯзҳои алоҳида низ метавонад гуногун бошад.

Ба гуфтаи Пӯлодов, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишварест, ки сарчашмаҳои об дар он ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон 64 километри мукааб оби ҳавзаи Арал ташаккул меёбад – 62,9 дар Амударё ва 1,1 - дар Сирдарё. Захираҳои тамоми маҷрои дарёи ҳавзаи Арал дар як сол каме бештар аз 115 километри мукаабро ташкил медиҳад, ки беш аз 55%-и он дар Тоҷикистон шакл мегирад.

Аз ин миқдор Тоҷикистон тақрибан 17-20%-ро барои эҳтиёҷоти худ истифода карда, боқимонда ба кишварҳои поёноб меравад. Аммо ин маълумотҳо миёнаи дарозмуддат мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки дар тӯли зиёда аз 100 сол мушоҳидаҳои ҷараёни об, маълумотҳои андозагирӣ сол то сол фарқ мекунанд. Маҷрои оби дарё ба бисёр омилҳо вобаста буда, баландшавии ҳарорат, суръати обшавии пиряхҳо, боришот аз ҷумла омилҳои асосӣ шуморида мешаванд. Ба сурати умум, соле каму соли дигар зиёдтар аз меъёр об ба маҷрои дарёи Вахш мерезад.

“Имсол тағйирёбии зиёд ба мушоҳида мерасад, дар Агентии обуҳавошиносӣ маҷрои шабонарӯзиро фаҳмидан мумкин аст, - мегӯяд Пӯлодов. - Ба фикрам, имсол ягон аномалияе набуда, соли 2022 хушксолӣ намешавад”.

Профессор Яраш Пӯлодов
Сурат: Asia-Plus

Лимити истифодаи об: кӣ чӣ қадар мегирад

Ба гуфтаи ӯ, ахиран дар Қазоқистон ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили оби минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он масъалаи квота ба об баррасӣ шуд, ки ба серобии дарёҳо дар мавсим вобаста аст. Комиссия обро аз руи квота тақсим мекунад, ки ҷадвали он аз соли 1987 амал мекунад.

Тибқи маълумоти Комиссия, лимитҳо (маҳдудиятҳо)-и обгирӣ аз Амударё ва партоби он ба баҳри Арал ва делтаи рӯдхонаҳо дар давраи байни обёрии солҳои 2021-2022 тариқи зайл аст:

Ҳамагӣ аз ҳавзаи Амударё – 55,4 километри мукааб

Тоҷикистон – 9,8;

Ӯзбекистон – 23,6;

Туркманистон – 22.

Лимити обгирии кишварҳои ҳавзаи Сирдарё:

Ҳамагӣ аз Сирдарё - 4,2 километри мукааб

Қазоқистон – 0,45;

Қирғизистон – 0,047;

Тоҷикистон – 0,36;

Ӯзбекистон – 3,34.

Бино ба маълумоти Комиссия, ҳаҷми воқеии об дар мавсими обёрии соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Амударё, ки дар партовҳои маишии дарёи Вахш бо назардошти танзими ҷараёни обанбори Норак ҳисоб карда шудааст, 87,7 фоизи меъёрро ташкил медиҳад.

Дар шароити кунунии вазъи марбут ба об лимити тасдиқшудаи обгирӣ дар ҳавза дар маҷмӯъ 79,1 фоиз аз меъёрҳои муқарраршуда истифода мешавад. Бо лимити 39,6 километри мукааб дар амал 31,3 километри мукааб истифода шудааст, аз ҷумла соли 2021 Тоҷикистон 89,7% аз лимити умумӣ истифода кардааст.


Мушкил на дар камбуди об, балки дар истифодаи он аст

Профессор Пӯлодов на аз тағйирёбии маъмулии мавсимӣ дар маҷрои дарёи Панҷ ва дигар дарёҳои Тоҷикистон, балки аз ғайриоқилона истифода бурдани об изҳори нигаронӣ мекунад.

Бино ба маълумоти олим, обе, ки мувофиқи квота аз ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё гирифта мешавад, ҳамагӣ 40%-аш истифода шуда, 60%-аш беҳуда сарф мешавад.

Баҳодиҳии муқоисавӣ нишон медиҳад, ки аз ҷиҳати истеъмоли об ба ҳар сари аҳолӣ тамоми Осиёи Марказӣ минтақаи нисбатан таъминбуда ба ҳисоб меравад: ба як нафар ба ҳисоби миёна 1700-2500 м3 об рост меояд. Таҳлили нишондиҳандаи «истеъмоли солонаи об ба ҳар сари аҳолӣ дар кишварҳои гуногун» нишон дод, ки он аз 5,31 ҳазор метри мукааб дар Туркманистон то 0,28 ҳазор метри мукааб дар Исроил фарқ мекунад. "Дар ҳоле ки дар Исроил ҳадди ақалл ва сарфакоронаи об дар ҷаҳон истифода мешавад, пас тақрибан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи ғайриоқилонаи он мушоҳида мешавад", - гуфт Яраш Пӯлодов.

Ба гуфтаи профессор, дар шароити рӯзафзуни норасоии захираҳои об бояд ба технологияи сарфаи об, аз қабили обёрии қатраӣ, зеризаминӣ, истифодаи гидрогелҳо ва ғайра гузаштан зарур аст.

“Кишварҳои минтақа бояд барномаҳои давлатии сарфаи об, ҷорӣ намудани усулҳои асосии идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар асоси механизмҳои бозории фаъолияти иқтисодӣ ва дастгирии давлатӣ дошта бошанд», - илова намуд Пӯлодов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.