Ба ифтихори моҳи шарифи Рамазон ва Иди Фитр ҶСП “Душанбе Сити Банк” бо пешниҳоди бефоизи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба ҳамёни DC Next ва ҳамаи кортҳои “Корти Милли” шуморо хурсанд мекунад.

Ин амалиёти пулиро шумо бо ёрии замимаи online.dc.tj анҷом дода метавонед.

Барои ин ба сомона гузаред ва дар тирезаи бозшуда маълумоти худ ва маълумоти қабулкунандаро нависед. Ба ин восита шумо метавонед маблағи пулиро ба кортҳои “Корти Милли” ё ҳамёни DC Next гузаронед.

Интиқоли пул ба Тоҷикистон аз корти Русияи худатон ба ҳамёни Dushanbe City боз ҳам осонтар аст.

Барои ин бо якчанд амалҳои осон корти Русияро дар замимаи DC Next пайваст кунед:

- Ба қисмати «Карты» ворид шавед

- Аломати «+»-ро пахш кунед ва «привязать VISA, МИР, Master Card»-ро интихоб кунед

- Маълумоти кортро пур кунед ва он дар рӯйхати кортҳо пайдо мешавад.

Барои анҷом додани интиқоли пулӣ:

* Ба қисмати «Переводы» ва минбаъд «DC (по номеру телефона)» ворид шавед.

* Рақами телефони қабулкунандаро ворид кунед ва корти русиягии пайвастшударо интихоб кунед.

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Маблағи ҳадди ақалли интиқол – 100 рубл аст. Маблағи ҳадди ниҳоии як транзаксия ва маблағи ниҳоии интиқол дар як рӯз – 50 000 рубл ва лимит дар як моҳ – 150 000 рубл мебошад.

Иқдоми интиқолҳои бефоиз то 10-уми май амал мекунад! Бо ёрии Dushanbe City бо оилаву хешу ақрабо боз ҳам наздиктар бошед.

ҶСП «Душанбе Сити Банк» аз рӯйи дорандагони кортҳои бонкӣ дар кишвар зинаи аввалро ишғол намуда, бо зиёда аз 50 ширкатҳои таҳвилгари хориҷӣ созишномаҳои шарикӣ дорад.

Миёни дастовардҳои ширкат аз инҳо метавон ном бурд: таҳияву коркарди низоми пардохти «Express Pay», маркази худии кортии протсесингӣ ва маркази эмиссионӣ (интишор), иштирокчиёни ММП «Корти Милли», роҳандозии замимаи мобилии DC Wallet ва DC Next.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.