Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуд. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023, ки 68 сомонӣ (6,2 $) муқаррар гардидааст, 51 ҳазор сомонӣ (4 653 $) мебошад.

Ҳоло маблағи хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ё хидмати пулакӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 28 ҳазору 560 сомонро ташкил медиҳад.

Ҳукумати кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 “Дар бораи “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркуниро аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешин ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо иваз кардааст.

Қарори ҳукумат дар бораи ворид кардани тағйирот рӯзи 31-уми июли соли 2023, таҳти №332 имзо шудааст ва гуфта шудааст, ки он аз 1-уми сентябри соли 2023 мавриди амал қарор мегирад.

Хидмати ҳарбии пулакӣ чист?

Муофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аз соли 2021, шахсони синни даъват метавонанд ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази ин дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд. Даъватшаванда бо пардохти маблағи зикршуда тамрину омӯзиши якмоҳаи ҳарбиро гузашта, баъдан аз уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ озод карда мешавад.

Тибқи муқарароти қонун, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Ҳамаи даъватшавандагони хоҳишманд метавонанд ариза пешниҳод намоянд, аммо ба тамрину омӯзиши якмоҳаи барои захираҳои сафарбарӣ пешбинигардида, ҳама якбора даъват шуда наметавонанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар сол аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии ҳар як вилоят ё ноҳия барои теъдоди муайяни шахсоне, ки метавонанд дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ хидмати якмоҳаи ҳарбиро адо кунанд, квота муқаррар мешавад.

Айни замон ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ гузаронида мешаванд, аммо дар оянда Вазорати мудофиа тасмим гирифтааст, ки баъд аз бунёди зерсохтори зарурӣ, ҷамъомадҳои таълимиро тамоми сол ба роҳ монад.

Квота ва коррупсия

Вазорати мудофиа шумораи квотаҳои ҷудошударо дар давраи даъвати ҳарбӣ зикр накарда, маълумотро пас аз анҷоми хидмат нашр мекунад.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти вазорат, аз соли 2021 то имрӯз 4150 нафар ҷавонон бо пардохти маблағи умумии 113,3 млн сомонӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ хидмати ҳарбиро адо намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон шикоят доранд, ки комиссариатҳои вилоят ҳамеша мегӯянд, ки квота тамом шудааст ва ё барои ворид кардан ба ин рӯйхат пора талаб мекунанд.

“Мо ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат кардем, ки то ки писарамон аз хидмати пулакӣ гузарад, вале онҳо гуфтанд, ки квота боқӣ намондааст ва тавсия доданд, ки дар даъвати тирамоҳӣ муроҷиат кунем. Дар ҳамин ҳол, моро дар рӯйхат ё навбат ба қайд нагузоштанд. Мебинем, ки тирамоҳ чӣ мегӯянд. Дар комиссариатҳо падару модарони мисли ман бисёранд ва ҳама чӣ кор карданашонро намедонанд. Бархе мегӯянд, ки ба комиссари ҳарбӣ пора додаанд, то ки ба рӯйхати квота дохил кунад”, - мегӯяд як сокини вилояти Суғд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова, ки ба масоили марбут ба ҳуқуқи хидматчиёни ҳарбӣ машғул аст, кам ҷудо шудани квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ боиси пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ мегардад.

“Дар захираҳои боз дар бораи чӣ гуна ҷалб кардани одамон, чӣ тавр гузаштани таълим ва машқҳо, ба кадом корҳо сарф шудани маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада маълумоти дастрас нест. Шаффофияти буҷети ин навъи хидмат, баръакс, сатҳи фасодро коҳиш дода, эътимоди мардумро ба Вазорати дифоъ ва дар маҷмӯъ ба ҳукумат зиёд мекунад” - мегӯяд Самадова.

Дилрабо Самадова
Акс аз notorturetj.org

Хеле гарон аст

Ба  гуфтаи ҳуқуқшинос, вақте ки чунин навъи хидмати ҳарбӣ ҷорӣ шуд, ин ташаббус нисбат ба норозиҳо тарафдорони зиёдтар дошт.

“Ман ҳам бо назардошти он ки чунин намуди хидмати ҳарбӣ ба шахс имкони интихоби навъи хидмати ҳарбиро медиҳад, аз он ҷонибдорӣ кардам. Ҳамчунин, умедвор будам, ки ин ташаббус қадаме барои ба артиши касбӣ табдил ёфтани қувваҳои мусаллаҳи кишвар хоҳад буд. Теъдоди даъватшавандагон ва муҳлати хидмат кам шуда, артиш касбӣ мешавад - чуноне ки инро бисёре аз кишварҳои мутараққӣ роҳандозӣ мекунанд. Аммо вақте ки Ҳукумат маблағи пардохт барои хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбариро муқаррар кард, ин норозигии аҳолиро ба бор овард”, - изҳор дошт Самадова.

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ, асосе барои боло бурдани маблағи пардохт намуд, зеро бе ин ҳам ба пардохти маблағи хидмат дар ҳайати захираҳо аксарияти аҳолӣ имкон надошт.

“Ба шаҳрвандони синни даъват, ки дар дигар кишварҳо кор мекунанд, лозим меомад, ки қарз гиранд, то ки хидматро дар нази Ватан адо намоянд ва дар ҳамин ҳол, ба оилаҳои худ низ кӯмак кунанд”, - илова кард ӯ.

Дилрабо Самадова на боло бурдани арзиши хидмати алтернативӣ, ки фарқият байни табақаҳои иҷтимоиро зиёд мекунад, балки зиёд кардани шумораи квотаҳоро мувофиқи мақсад медонад.

“Гузашта аз ин, тибқи омори Вазорати мудофиа, теъдоди шаҳрвандони синни даъвати ҳарбӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил дода, танҳо 15-16 ҳазор нафарашон ба хидмат даъват мешаванд. Ҷалби шумораи зиёди даъватшавандагон бидуни зиёд кардани арзиши он тасмими дуруст мебуд”, - изҳори итминон мекунад ӯ.

Аз “А” то “Я”-и хидмати пулакиро дар мақолаи мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.