Субҳи имрӯз, 24-уми август, Муҳаббат Сатторӣ, коргардони муваффақи тоҷик дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамкоронаш мегӯянд, ки марҳум аз камтарин коргардонҳои зани муваффақ дар синамои тоҷик буд.

Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада ва дар зиндагӣ роҳи санъатро пеш гирифт: Аз фаъолияти ҳунарпешагӣ оғоз карда, баъдан ба коргардонӣ пардохт.

Абдулҳай Зокиров, коргардони тоҷик ва яке аз ҳамкорони Муҳаббат Сатторӣ имрӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки марҳум бо вуҷуди зан буданаш, ҳамеша ба амалҳои коргардонии душвор даст мезад ва бештар филмҳое рӯи навор меовард, ки тарғибгари фарҳангу тамаддуни тоҷик буд.

Ба қавли ӯ, дар таърихи синамои тоҷик хеле кам коргардонҳои зани муваффақ буданд, вале Муҳаббат Сатторӣ тавонист, ки чаҳорчӯбаи суннатии моро шиканад ва чун коргардонзани муваффақ шинохта шавад.

“Дар миёни коргардонҳои тоҷик мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки дар филмҳояшон намехоҳанд ҳунармандон куртаи тоҷикӣ пӯшанд, фарҳанги миллиро тарғиб кунанд. Аммо Муҳаббат Сатторӣ ҳувияти миллии баланд дошт ва ҳамеша дар филмҳояш фарҳанги миллии тоҷиконро тарғиб мекард”, - гуфт Зокиров.

Ин коргардон афзуд, филмҳое, ки Муҳаббат Сатторӣ ба навор бардоштааст, дар замони истиқлоли Тоҷикистон синамои миллиро пурра ва ғанӣ кард.


Ҳамчунин, ин ҳамкораш дар бораи фаъолияти ҳунармандии Муҳаббат Сатторӣ гуфт, ӯ дар намоишномаи “Шапарак хоб дид” таҳти коргардонии Барзу Абдураззоқов нақши асосиро бозида, нишон дод, ки ҳамчун ҳунарвар ҳам комёб ва муваффақ аст.

“Пас аз ин намоишнома ҳама коргардонҳо мехостанд, ки дар намоишҳояшон Муҳаббат Сатторӣ ҷалб карда шавад. Намедонам чаро, вале апаи Муҳаббат баъди он ба кори коргардонӣ пардохт ва муваффақ ҳам шуд. Муҳаббат Сатторӣ шоҳбонуи синамои тоҷик буд”, - илова кард Абдулҳай Зокиров.

Муҳаббат Сатторӣ директори Ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо” буд ва чанд соли охир ҳамчун коргардон дар МД “Тоҷикфилм” фаъолият мекард.

Ӯ коргардон-таҳиягари филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюсер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) буд.

Тавлиди  филми “Заррандуд” ба Сатторӣ шӯҳрати зиёде овард.


Ба қавли ҳамкоронаш, Муҳаббат Сатторӣ ҳоло дар таҳияи филми навбатӣ бо номи “Ситораи ноаён” дар ҳамкории муштарак миёни филмофарони тоҷику ӯзбек машғул буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаббат Сатторӣ дорандаи нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии кинематографияи Тоҷикистон ва  Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Марҳумро зуҳри имрӯз, 24-уми август, дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Аҳли эҷоди Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” аз даргузашти бармаҳали коргардони шинохтаи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.