Дар Душанбе аз 3-юм то 14-уми октябр бо ҳузури 250 олим аз саросари ҷаҳон се ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин се ҳамоиши байналмилалӣ - 1 ҳазору 50-солагии Абӯрайҳони Берунӣ, 2 ҳазору 500-солагии Тахти сангин ва “Ҷуғрофиёи “Шоҳнома”” мебошанд.

“То ба имрӯз барои иштирок дар ин се чорабинӣ аз саросари ҷаҳон 250 нафар олимону коршиносон номнавис шудаанд. Тайёрии мо ҳам дар ин робита ҷиддӣ аст ва боварии комил дорем, ки он дар сатҳи баланд баргузор мешавад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Бояд гуфт, ки дар пояи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе борҳо ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор гардидааст.

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ соли 973 дар Коси Хоразм дар зода шуда, яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс маҳсуб мешавад.

Ёдгории Тахти сангин бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.

Ба гуфтаи бостоншиносон, ин шаҳрак дар асри IV пеш аз милод сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.