То 1 июли соли равон теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо назардошти сабти таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 млн 163,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин теъдод ба андозаи 1,9% ё худ 195 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли равон тариқи зайл аст:

вилояти Хатлон - 3 млн. 649,3 ҳазор нафар;

вилояти Суғд - 2 млн. 889,4 ҳазор нафар;

Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 163,6 ҳазор нафар;

Шаҳри Душанбе – 1 млн. 228,4 ҳазор нафар;

ВМКБ – 232,7 ҳазор нафар.

Вазни қиёсии пойтахт дар шумори умумии аҳолии кишвар то 1 июли соли 2023 аз 9,3% то 12,1% афзуда, ҳиссаи ҳамаи чор минтақа, баръакс - коҳиш ёфт.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шуд.

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки афзоиши аз ҳама бештари теъдоди аҳолӣ миёни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ (СССР) тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон - 76,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.