Дар вилояти Суғд намояндагони қариб 50 қавм зиндагӣ мекунанд, ки бархеи онҳо танҳо 1 намоянда доранд. Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, 84,26 дарсади аҳолии вилояти Суғдро тоҷикон ташкил медиҳанд ва баъди тоҷикон шумораи ӯзбекон дар минтақа зиёд аст.

“Дар вилоят 15,23 дарсадро ӯзбекҳо, 0,24 фисадро қирғизҳо, 0,23 фоизроо русҳо, 0,02, дарсадро тоторҳо ва 0,01 фисадро лӯлиҳо ташкил медиҳанд, қазоқҳову кореягиҳо ҳам ҳастанд, вале фоизашон хело кам аст”,- гуфт Ҳокимбек Накҳатзода.

Ба гуфтаи сардори Раёсати омори вилоят аз 48 қавм 17-тои он ҳамагӣ якнафарӣ намоянда доранд:

Аварҳо,

Балқарсҳо,

Қабардинҳо,

Қароқалбоқҳо,

Кумикҳо,

Лазгинҳо,

Мордвинҳо,

Мансиҳо,

Нганасаниҳо,

Удегайҳо,

Табасаранҳо,

Тоторҳои сибир,

Чувашҳо,

Арабҳо,

Булғорҳо,

Форсҳо,

Полякҳо.

“Қоидаи баҳисобгирӣ  аз рӯи пурсиши хона ба хона сурат гирифта, ҳатто як нафар намояндаи дигар миллат бошад ҳам як миллат ба қайд гирифта мешавад. Аҳ пурсишҳо маълум шуд, ки намояндаи баъзе миллатҳо аз ҷумла намояндаи, юнониҳо, эстониҳо, аварҳо, балқарҳо, лазгинҳо ва ғайра бо сабабҳои оиладорӣ бо ҷуфти тоҷики худ дар вилояти Суғд мондаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло дар вилояти Суғд - 2 млн. 889,4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 1 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 200 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шуд.

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки афзоиши аз ҳама бештари теъдоди аҳолӣ миёни собиқ кишварҳои пасошӯравӣ (СССР) тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон - 76,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.