Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи Тартиби ситонидани молу мулки манқули қарздорро баррасӣ карданд.

 

Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағ, ситониш ба маблағҳои пулии қарздор нигаронида мешавад. Нигаронидани ситониш ба маблағҳои пулии нақдии муайянгардидаи қарздор бо роҳи маҷбуран кашида гирифтани онҳо амалӣ карда мешавад.

Маҷбуран кашида гирифтани маблағҳои пулии нақдии қарздор бо роҳи тартиб додани санад бо иштироки на камтар аз ду нафар шахси холис амалӣ карда мешавад.

Агар қарздор маблағҳои пулии бо асъори миллӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи ситонанда кифояро надошта бошад, ситониш ба воситаҳои пулии бо асъори хориҷӣ доштаи қарздор нигаронида мешавад.

Ҳангоми ошкор кардан ва аз қарздор гирифтани маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ иҷрочии мақомоти иҷро бояд на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи гирифтан бо қарори худ онҳоро барои мубодила ба асъори миллӣ ба бонк ё дигар ташкилоти кредитие, ки ҳуқуқи амалӣ намудани чунин амалиётро дар бозори дохилии асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, супорад.

Маблағҳои пулии гирифташуда на дертар аз рӯзи дигари гузаронидани амалиёти бонкӣ пас аз гирифтани онҳо барои гузаронидан ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро супорида мешаванд.

Маблағҳои дар суратҳисоби депозитии мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд нигоҳ дошта шуда, ки дар рафти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судӣ ҳабс ва ё аз ҷониби ҷавобгари гражданӣ воридшуда ва ё ба сифати воситаҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда гирифта шудаанд, инчунин аз ҷониби айбдоршаванда ё судшаванда ҳамчун гарав гузошта шудаанд, бояд барои иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро на дертар аз се рӯзи корӣ баъд аз ворид шудани ҳуҷҷати иҷро равон карда шаванд.

Дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд дархости дахлдорро ҷиҳати интиқоли маблағҳои пулии дар суратҳисоби депозитии ин мақомот муваққатан нигоҳдошташаванда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро равон менамояд.

Дар ҳолати дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани ин талабот, иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намуда, ба бонки хизматрасон ирсол менамояд. Бонки хизматрасон ӯҳдадор аст бетаъхир маблағҳои дар суратҳисоби депозитии мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд муваққатан нигоҳдошташударо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро тибқи талаботи ҳуҷҷати иҷро барои таъмини иҷрои минбаъдаи ҳуҷҷати иҷро гузаронад.

Нигаронидани ситониш аз маблағҳои пулии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” амалӣ карда мешавад.

Ташкилотҳои буҷетӣ барои иҷро кардани ҳуҷҷати иҷро ба мақомоти хазинадории марказӣ ва маҳаллӣ супоришномаҳои пардохтиро пешниҳод менамоянд. Агар маблағ дар буҷети ташкилот мавҷуд бошад, мақомоти хазинадории марказӣ ва маҳаллӣ маблағи умумии дар ҳуҷҷати иҷро нишон додашударо интиқол медиҳанд.

Ҳангоми мавҷуд набудани маблағ дар сметаи хароҷотии ташкилоти буҷетӣ, масъулияти ӯҳдадориҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи молик вогузор карда мешавад.

Нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор бо роҳи гузоштани ҳабс (ба рӯйхат гирифтан, маҷбуран кашида гирифтан ва фурӯш) амалӣ карда мешавад.

 

Тартиби нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор чӣ гуна сурат мегирад?

Нигаронидани ситониш аз молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳод гардида (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) бо тартиби муқарраргардидаи қонун амалӣ карда мешавад.

Ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор, аз он ҷумла дигар дороиҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба ҳамон андоза ва ҳаҷме, ки барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро бо назардошти ситонидани пардохти иҷро ва хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро зарур аст, нигаронида мешавад.

Агар дар рафти иҷро муқаррар гардад, ки молу мулки қарздор ташкилот ё шаҳрванд барои пӯшонидани қарз кифоя нест, аммо қонунгузор ба эътирофи муфлисии қарздор роҳ медиҳад, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст дар ин хусус ситонандаро огоҳ намояд.

Нигаронидани ситониш аз молу мулки қарздоре, ки бо тартиби муқарраргардида муфлис эътироф гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар сурати таҷдиди ташкилот дар лаҳзаи иҷрои ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро вориси ҳуқуқии қарздорро муқаррар менамояд ва аризаро ба суде, ки ҳалнома баровардааст, бо пешниҳод дар бораи баровардани таъинот ҷиҳати ба вориси ҳуқуқии қарздор иваз кардани ӯ ирсол менамояд. Дар ҳолати набудани вориси ҳуқуқӣ ҳангоми таҷдид ёфтани ташкилот ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда баргардонида мешавад.

Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот), бо риояи ҳуқуқҳои кредитори таъминшуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи аз қарздор гирифтан ва ба ситонанда супоридани молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот барои фурӯш пешниҳод шудааст, амалӣ карда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи гирифтани молу мулки дар боло зикргардида қарор қабул менамояд. Ба кредитори таъминшуда супоридани ин молу мулк бо роҳи тартиб додани санад бо иштироки на камтар аз ду шахси холис амалӣ карда мешавад.

Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона ҷиҳати ба фурӯш баровардани молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароитҳои воқеӣ манфиатнок бошанд.

Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе равона мешаванд, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд. Маблағҳои боқимонда аз фурӯш бошад, ба иҷрочии мақомоти иҷро барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва дар сурати мавҷуд набудани талаботи дигари кредиторон ба қарздор баргардонида мешаванд.

Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, кофӣ набошанд, пас қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои талаботи кредиторони таъминнашуда пардохт мегардад.

Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст, инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар санади судӣ ин молу мулкро ҳамчун далели шайъӣ эътироф намояд ё бо роҳи содир кардани ҷиноят ба даст овардашуда, мусодираи онро ба манфиати давлат пешбинӣ намуда бошад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.