Пас аз як қариб ҳафта, таътили тирамоҳӣ барои хонандагони мактаб, ки аз 1 то 10-уми ноябр муқаррар шудааст, оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Наврӯз Мирзо хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки таътили тирамоҳӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз 1-ум оғоз гардида, то 10-уми ноябр идома меёбад. То рӯзи 31-уми октябр дар мактабҳо натоиҷи чоряки аввал ҷамъбаст мешавад.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар рӯзҳои таътили моҳи ноябр кӯдакон ба озмунҳои “Илм – чароғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” омода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон хонандагони мактаб дар як сол 4 маротиба ба таътил мебароянд. Таътили тирамоҳӣ, зимистона, баҳорӣ ва тобистона.

Наврӯз Мирзо дар мавриди таътили зимистонаи мактаббачагон гуфт, ки “то ҳол тағйироте ба назар нарасидааст ва аз обу ҳаво вобаста аст, ки рӯзҳои таътили зимистона тамдид мешавад ё на”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.