Вохӯрии аввали аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид.

Гурӯҳи корӣ бар асоси қарори палатаи поёнии прарлумони кишвар аз 2 октябри соли ҷорӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳайати он вакилони палатаи поёнии парлумон, намояндагони президенти кишвар, Вазорати адлия, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил гардиданд, хабар медиҳад ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”.

Иштирокчиёни вохӯрӣ шакл ва тарзҳои кореро, ки минбаъд анҷом медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор доданд..

Дар хабар зикр мегардад, ки аъзои гурӯҳи корӣ, инчунин шарикони байналмилалие, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки унсурҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба таври алоҳида ҷой дода шудаанд. Аммо, онҳо аз ҷиҳати консептуалӣ дар як ҳуҷҷат муқаррар карда нашудаанд. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» як иқдоми муҳим ва саривақтӣ дониста мешавад.

Ба гуфтаи роҳбари Гурӯҳи корӣ, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба назорати регламент Ҷамшед Муртазозода, баррасии таҷрибаи ҷаҳонии соҳибкории иҷтимоӣ нишон дод, ки ин падида дар ҷаҳон нисбатан ҷавон, вале аз лиҳози ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа хеле умедбахш аст.

Вохӯрии Гурӯҳи корӣ

Ӯ зикр кард, ки бисёре аз кишварҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба дастгирии соҳибкорӣ манфиатдоранд.

«Дар бисёр кишварҳо соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ва инчунин фондҳои гуногуни ғайридавлатӣ дастгирӣ карда мешаванд. Аз нуқтаи назари рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршуда барои дарёфти фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусиро метавон умедбахш арзёбӣ кард», - иброз дошт Муртазозода.

Директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Наргис Зокирова изҳор дошт, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷорати оилавӣ ва ба шуғл фаро гирифтани худ барои Тоҷикистон хеле муҳиму рӯзмарра аст.

«Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ метавонад рушди соҳибкории иҷтимоӣ бошад. Соҳибкории иҷтимоӣ фаъолиятест, ки дар ибтидо ба ҳал ё сабуксозии мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар шароити худтаъминкунӣ ва устуворӣ нигаронида шудааст. Дар асл, он як воситаи тиҷоратӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад, ки бояд ҳал карда шавад.

Соҳибкории иҷтимоӣ тавозуни ҳадафҳои иҷтимоӣ ва ҷузъи тиҷоратӣ мебошад, ки дар он пул на ҳадаф, балки василаи расидан ба ин ҳадафҳои иҷтимоӣ мебошад ва ба соҳибкор имкон медиҳад, ки устувор боқӣ монад ва аз саҳмҳои доимии донорҳо вобаста набошад», - гуфт ӯ.

Зокирова аз ҳамроҳ шудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба Гурӯҳи корӣ истиқбол мекунад, ки ба ақидаи ӯ, “ба муносибати гуногунҷабҳа ба ин масъала имкон фароҳам меоварад”.

Вохӯрӣ бо дастгирии Бунёди АвруОсиё дар доираи барномаи “Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби USAID дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” амалӣ мегардад, гузаронида шуд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат мебошад. Мақсади ҳар як тиҷорат фоида ба даст овардан аст. Аммо тиҷоратҳое ҳастанд, ки ба дастгирии нафақахӯрон, маъюбон ва кӯдакон нигаронида шудаанд. Ин соҳибкории иҷтимоӣ аст.

Бо вуҷуди ин, соҳибкори иҷтимоӣ будан фоидаовар аст: дар баробари ба даст овардани фоида, шумо метавонед ба кӯмаки иловагии молиявии давлат ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ умед бандед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.