Ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии Маскав хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ному насаби онҳо интишор намешавад.

“Тибқи тафтишот ду нафар зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таваллудаш 2004 ва 2005, солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд. Онҳо аз макони ҷамъомади комиссариати ҳарбии Маскав, қаламрави худро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, - навиштааст Сарраёсати тафтишотии Маскав.

Тавре манбаъ меафзояд, аз рӯи ҷинояти пешбининамудаи моддаи 328,  қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Русия (саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативии шаҳрвандӣ) бар зидди ин ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳоло муфаттишони Кумитаи тафтишотии Маскав аз рӯи ин ҳодиса чорабиниҳои тафтишотӣ мегузаронанд.

“Ба кормандони хадамоти оперативӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати муайян кардани макони будубоши ин афрод чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом диҳанд”, - афзуданд манбаъ.

Ба шаҳрвандоне, ки дар Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ фирор мекунанд, то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.