Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон бо иҷрои таронаҳои шӯх дар барномаи “Песня от всей души”-и Андрей Малахов ширкат кардааст.

Дар наворе, ки дирӯз, 26-уми октябр, дар Ютуб интишор гардид, дида мешавад, Қадами Қурбон дар иҳотаи духтарон мерақсаду сурудҳои шӯх мехонад.

Андрей Малахов овозхон ва ширинкори тоҷикро дар барномааш “Қадами Қурбон – ситораи Тоҷикистон!” муаррифӣ кардааст.

Интизор меравад, ки барнома рӯзи 29-уми октябри соли 2023, соати 17:50 ба вақти Маскав дар шабакаҳои телевизионии Русия нашр шавад.

Бояд гуфт, ки барномаи “Песня от всей души”-и рӯзноманигори шинохтаи рус Андрей Малахов яке аз сербинандатарин барномаҳои телевизионҳои Русия маҳсуб мешавад.

Ин барнома бо ҳузури шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ҳар рӯзи якшанбе аз телевизиони “Россия-1” ба эфир меравад.

Қадами Қурбон яке аз овозхонҳои дар чанд соли охир шӯҳратёфтаи тоҷик аст, ки бештар сурудҳои шӯху тӯёна месарояд. Бо ин вуҷуд, ки Қадами Қурбон мухлиси зиёд дорад, аз сӯи дигар, аз ҷониби сарояндагону фарҳангиён бо хондани сурудҳои каммаънову каммазмун интиқод мешавад.

Ёдовар мешавем, Қадами Қурбон 1-уми феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст.

Ӯ дар мактаби №11-и ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 - 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хидмати ҳарбиро адо кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.