Рӯзи 27 октябри соли 2012 маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби автомобилгарди “Шаҳристон” байни Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуд.

Нақб дар 160-473-ум километри роҳи мошингарди “Душанбе - Хуҷанд - Чанок” дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд қарор дорад. Масофаи он 5253 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмони нақб 22 августи соли 2006 оғоз гардида, он яке аз таркибҳои лоиҳаи таъмиру навсозии шоҳроҳи “Душанбе - Хуҷанд” мебошад. Барои сохтмони нақб 100 млн доллар масраф шуд.

Бо ифтитоҳи он равуои нақлиёти заминӣ байни ҷанубу шимоли кишвар муддати тамоми сол ба роҳ монда шуд.

То замони ба истифода додани нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” равуои автомашинаҳо тариқи ағбаҳои Анзоб (баландиаш 3372 метр) ва Шаҳристон (баландиаш 3378 метр) дар мавсими зимистон қатъ мешуд.

Нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” вақти роҳ байни Душанбе ва Хуҷандро то 4,5-5 соат кӯтоҳ карда, инчунин алоқа байни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар ин давра осонтар карданд.

Айни замон нақб дарозтарин нақби мошингард дар қаламрави кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки ҳамин моҳи соли 2013 дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат -Кӯлоб нақби “Чормағзак” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тайи ду даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ба сурати умум 5 нақб бо масофаи беш аз  18 км ба истифода дода шуд. Барои бунёди онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 250 млн доллар сарф шуд.

Маълумоти мухтасар дар бораи нақбҳои Тоҷикистон - дар инфографикаи зерини мо:


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.