Имрӯз, 27-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аввалин маҳфили адабии “Ҳумоюн” баргузор шуд, ки онро Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш таъсис додаанд. Маҳфил ба номи писари ғӯрамарги шоирон гузошта шудааст.
Гардонандаи аввалини маҳфил Озарахш, ки пас аз марги фарзандаш Ҳумоюн барои як муддат аз иштирок дар ҳамоишу ҷаласот канорагирӣ мекард, зимни суханронии худ гуфт, маҳфили адабии мазкур барои гиромидошти писараш таъсис ёфтааст.
“Ташкили маҳфил дар назди маҷаллаи “Паёми Суғд” орзуи ман буд. Ин маҳфил бо ҳадафи бузургдошти адабиёт, фарҳанг ва одамият ташкил шуда, аз ду бахш - Рӯдакихонӣ ва Навқалам иборат аст. Он барои пайдо ва муаррифӣ кардани шоирони ҷавон майдони муносиб хоҳад буд”, - гуфт Озарахш.
Ӯ таъкид кард, ки маҳфили “Ҳумоюн” минбаъд мунтазам фаъолият карда, барои шоирону дӯстдорони шеър аз ҷумла озмунҳо баргузор мекунад ва ба ғолибон мукофотҳо тақдим карда мешавад. Қисмати якуми маҳфил 24-уми март ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ мешаванд.
Бояд гуфт, дар маҳфили аввалини “Ҳумоюн” шоирону дӯстдорони шеър ва рӯзноманигорон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамъ омада буданд.
Адибаи Хуҷандӣ, шоири тоҷик гуфт, ки ҳанӯз соли 1988 Фарзона, модари шодравон Ҳумоюн маҳфилеро бо номи “Шабнам” ташкил карда буд ва он дӯстдорони шеърро аз ҳар гӯшаи кишвар ҷамъ мекард.
“Бовар дорам, маҳфили наве, ки бо номи Ҳумоюни азиз ташкил гардид, низ мисли маҳфилҳои пешин муваффақу дӯстдоштанӣ хоҳад буд”, - зикр кард Адибаи Хуҷандӣ.
Ёдовар мешавем, ки Ҳумоюн, писари ягонаи шоирони халқӣ - Озарахш ва Фарзона 13-уми апрели соли ҷорӣ дар синни 21-солагӣ дар дарёи Сир ғарқ шуда, фавтид. Ӯ донишҷӯи шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста