Имрӯз, 30-юми октябр, даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд.

“Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд”, - менависад манбаъ.

Афзуда мешавад, ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Бояд гуфт, ки дар солҳои қаблӣ чанде аз иштироккунандагон барои “баҳогузории ноодилона”-и доварон шикоят карда буданд.

Ёдовар мешавем, ин озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.