Нозири андоз, табиб, тарҷумон, додрас, бонкдор...  Инҳо касбҳое будаанд, ки довталабони тоҷик бештар аз ҳама интихоб кардаанд.

Бино ба маълумоти Маркази миллии тестии Тоҷикистон, дар соли 2023 барои дохилшавӣ ба колеҷу донишкадаву донишгоҳҳои кишвар дар ҷамъ 94 ҳазору 507 довталаб ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд: 78 ҳазору 863 нафар ба донишгоҳҳо ва 15 ҳазору 644 нафар ба кооллеҷҳо.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 28-уми сентябр наздики 60 дарсад иҷро шудааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба омори пешниҳодкардаи ММТ серинтихобтарин ихтисосҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистонро муайян кард.

Аз нозири андозу додрас то бонкдору тарҷумон

Таҳлил аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар ММТ супоридаи довталабон гирифта шудааст: мо теъдоди довталабонеро, ки ба як ихтисос ҳуҷҷат супоридаанд, муайян карда, онро ба ҷойҳои муайянгардида тақсим намудем, то теъдоди  довталабон барои як ҷойро дақиқ созем.

Ба таври маъмул, ҳангоми бақайдгирии ММТ дар соли 2023 ҳам аксари довталабон бештар тариқи буҷавӣ таҳсил карданро ихтихоб кардаанд.

Довталабон барои як ҷои буҷетӣ аз ҳама бештар ихтисоси “Андоз ва андозбандӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ДМТ) интихоб кардаанд: тибқи нақша дар ин ихтисос 8 ҷой ҷудо шудааст, вале 2 ҳазору 592 довталаб ҳуҷҷат супурданд. Яъне, барои як ҷой 324 нафар бо ҳам рақобат кардаанд.

Дар ҷои дуюм ихтисоси “Санҷиши судӣ”-и ДМТ меистад, ки дар он низ барои 5 ҷой 1 ҳазору 572 ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд. Аз рӯи тақсимот, ин ихтисос барои як ҷой 314 довталаб доштааст.

Ихтисоси “Сиёсат ва идораи давлатӣ”-и ДМТ дар радифи се ихтисоси серталабтарини макотибии олии кишвар меистад, ки барои 5 ҷой ба он 1 ҳазору 470 довталаб ҳуҷҷат супоридаанд. Дар ин ихтисос 294 нафар барои як ҷой талош кардаанд.

Зинаҳои баъдӣ ба тариқи зайл аст:

4.“Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ”-и ДМТ - 275 довталаб;

5.“Кори бонкӣ”-и ДМТ - 272 довталаб;

6.“Забонҳои муосири хориҷӣ (забони англисӣ-тарҷумон)”-и ДМТ - 269 довталаб;

7.“Забони хориҷӣ (забони англисӣ)”-и ДСРТ - 258 довталаб;

8.“Забони олмонӣ. Забони англисӣ”-и ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода - 250 довталаб;

9.“Кори тиббию ташхисӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ - 228 довталаб;

10.“Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”-и ДМТ – 204 довталаб.

Дар маҷмӯъ, миёни ихтисосҳои серталабтарин 6 ҷойро ихтисосҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ишғол карданд.

Asia-Plus

Серинтихобтарин донишгоҳҳои 2023 кадомҳоянд?

Дар байни беш аз 35 муассисаи таълимии кишвар мо 10 муассисаҳои олии серинтихоб барои соли 2013-ро муайян кардем.

Дар байни 10 муассисаи таълимии маъруф, ки дар онҳо теъдоди бештари довталабон барои як ҷой ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ҷои аввалро ишғол намуда, ба ҳисоби миёна 57 нафар барои дохил шудан ба як ҷои буҷетии ин донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд.

Ҷойи дуюмро Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (49 нафар дар як ҷой) ва ҷои сеюмро Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (41 нафар барои як ҷой) ишғол карданд.

Дар мақомҳои баъдӣ:

4. Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд - 35 довталаб барои як ҷой;

5. Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар - 33 довталаб барои як ҷой;

6. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - 30 довталаб барои як ҷой;

7. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб - 25 довталаб барои як ҷой;

8. Академияи идоракунии давлатии назди Президент - 24 довталаб барои як ҷой;

9. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон - 23 довталаб барои як ҷой;

10. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон – 21 довталаб барои як ҷой.

Ёдовар мешавем, ки имсол Маркази миллии тестӣ 4 даври қабули довталабонро роҳандозӣ кард. Дар соли қаблӣ ин марказ се марҳилаи қабули довталабонро ба роҳ монда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.