Дар Тоҷикистон таътили зимистона барои хонандагони мактаб 1-уми январи соли 2024 оғоз шуда, 10 рӯз давом мекунад.

Наврӯз Мирзо, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки соли ҷорӣ дар тақвими таътили зисмистонаи хонандагони мактаб тағйирот ворид нашудааст.

“Рӯзҳои 29 – 30-юми декабр дар мактабҳо натиҷаҳои семоҳаи дуюм ҷамъбаст шуда, аз 1-уми январ таътили зимистона оғоз мешавад, ки то 10-уми январ давом мекунад. Ва рӯзи 11-уми январи соли 2024 хонандагони мактаб таҳсилро идома медиҳанд”, - гуфт Наврӯз Мирзо.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар таътили зимистона муҳассилини мактаб ба озмунҳо ва дигар чорабиниву барномаҳое, ки имсол дар назар аст, омодагӣ мебинанд.

"Тамдид шудани рӯзҳои таътили зимистона ба обу ҳаво низ вобаста аст. Ҳоло тағйирот дар назар нест, аммо дар сурати ворид шудани дигаргунӣ ба тақвими таътили зимистона, иловатан хабар медиҳем”, - таъкид кард Наврӯз Мирзо.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон хонандагони мактаб дар як сол чор маротиба ба таътил мебароянд:

  • баъди чоряки аввал, ки аз 1-уми сентябр то 31-уми октябр давом мекунад,
  • баъди чоряки дуюм, ки аз 11-уми ноябр то 31-уми декабр идома мекунад,
  • баъди чоряки сеюм, ки аз 11-уми январ то 20-уми март давом меекунад,
  • баъди чоряки чорум, ки аз 1-уми апрел то 1-уми июн  давом карда, сол ҷамъбаст мешавад.

Ёдовар мешавем, ки зимистони гузаштаи соли ҷорӣ ба далели сармои шадид таътили зимистонаи хонандагони мактаб барои 10 рӯз тамдид гардид ва то 20-уми январ идома ёфт.

Он замон Вазорати маориф ва илм гуфт, ки дарсҳои баргузорнашуда давоми таътили баҳорӣ ва тобистона ҷараён хоҳанд гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.