Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, имрӯз, 14-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ, пешниҳод кард, ки муҳоҷирон баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, ин яке аз роҳҳои пешгирӣ аз олудагӣ ва паҳншавии бемории ВНМО мебошад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди гирифторони бемории ВНМО муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Муҳоҷирон аз хориҷ бармегарданд, аммо аз муоинаи тиббӣ намегузаранд. Вақте занашон ҳомиладор мешаванду аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, маълум мешавад, ки олудаи ВНМО шудаанд. Ва манбаи олудагӣ шавҳар будааст”, - гуфт раиси ноҳияи Ёвон.

Ҳамчунин Бахтиёр Шарифӣ пешниҳод кард, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ нуқтаҳои муоинаи тиббӣ ташкил карда шавад.

Бахтиёр Шарифӣ
Asia-Plus

Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ айни ҳол дар ноҳияи Ёвон 315 нафар гирифторони ВНМО сабт шудаанд. Танҳо соли 2023 дар ин ноҳия 23 нафар ба ин беморӣ олудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.