Озмуни гранти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти грант миёни занони ҳунарманд оғоз мешавад: он барои бофандагон, дӯзандагон, армуғонсозон, кулолгарон, чӯбкорон, ресандагон, читгаронӣ, рассомон дода мешавад.

Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, грантҳои раиси вилоят на аз рӯйи ягон номинатсия муайян, балки барои ҳамаи занҳои ҳунарманди вилоят пешбинӣ шудааст.

“Озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд”-пешбинӣ шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми зер маблағ пешбинӣ шудааст:

  • 15 грант дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
  • 15 грант дар ҳаҷми 8 000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;
  • 30 грант дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Муяссара Мавлонӣ гуфт, танҳо баъди хулосаи коммисияи озмун, ки ба таври пӯшида мегузарад, кадом зан созовори грант шуданаш муайян мегардад.

Инчунин, баъди соҳиб шудан ба гранти раиси вилоят аз ҷониби раиси маҳалла ва ҷамоат оид ба самаранок истифода кардани маблағи грант санад тартиб дода мешавад.

Ба гуфтаи Мавлонӣ, грантгиранда пас аз 6 моҳ ҳисоботи молӣ месупорад ва коммисия мониторинг мегузаронад.

Тибқи эълони Раёсати кор ба занони вилоят муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 тадбиқ шудааст.

“Баъди қабули маводҳо 2 моҳ санҷиш давом мекунад ва моҳҳои август-сентябр супоридани грант оғоз мешавад”, - афзуд Мавлонзода.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону бонувони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантро, ки 420 ҳазор сомониро ташкил медод, супурда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.