Бахтиёр Раҳимов, раҳбари гурӯҳи “Ғарибшо”, беш аз 30 сол аст, ки рӯйи саҳна аст ва бо ҳаҷву зарофат маъруф гаштааст. “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи ханда ба суроғи мавсуф рафт ва бо ӯ мусоҳиба орост.

Дар асл мо нақша доштем, ки бо роҳбари гурӯҳи “Ғарибшо” аз вазъи ҳаҷв гӯему хандем, вале ӯро гулӯгири дард дарёфтем. Бахтиёр Раҳимов ҳаҷвнигоронро ятиму ҳаҷвро сағир номид.

Ӯ гила кард, ки ба чорабиниҳои давлативу фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ даъват намешавад ва ҳатто се вазири фарҳанги ахирро рӯбарӯ надидааст.

 

Ҳаҷвнигор мисли ятимҳо аст...

- Рӯзи якуми апрел ба ягон чорабинӣ даъват шудед?

- Ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат даъват шудаам.

- Рӯзи хандаро чӣ гуна мегузаронед ва чӣ интизориҳо доред?

- Мисли мардуми оддӣ мегузаронам. Ҳоло назди донишҷӯён меравам, бо онҳо аз дардҳои худ мегӯяму механдем ва ба хона бармегардам. Дигар на нақшае дораму на интизорие.

- Чаро ин қадар маҳзунона ҳарф мезанед?

- Ростӣ, ҳаҷв мегӯянд, ҳаҷвнигор мегӯянд, ханда мегӯянд... Аммо ман фикр мекунам, ки ҳаҷв мурдаву ханда дар мотамаш нишастааст. Ҳаҷвнигор мисли ятим ва нафари ба касе нодаркор аст.

- Қаблан дар аксар чорабиниҳои давлатӣ ширкат мекардед. Чаро вақтҳои охир камнамоед?

- Ман қариб шаш сол инҷониб ба ҳеҷ кадом чорабинии давлатӣ даъват намешавам. Дигар ҳаҷвнигорон ҳам. Солҳост, ки чорабиниҳои фарҳангиву давлатии мо бидуни ҳаҷву ханда мегузарад. Ин натиҷаи кори барномарезони чорабиниҳои давлатӣ аст ва ё кадом шахсони алоҳида, намедонам.

 


Дар орзуи дидори вазирони фарҳанг

- Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҳам ягон ташаббусе нест?

- Бовар кунед, ҳунарманд ҳам бошам, вале се вазири охири фарҳанг - Шамсиддин Орумбекзода, Зулфия Давлатзода ва Матлубахон Сатториёнро надидаам.

Аслан, дар Вазорати фарҳанг мебояд нафаре вазир таъйин шавад, ки ҳунарманд аст ва аз дарди ҷомеа хабар дорад, на нафаре, ки ҳунару ҳунармандонро ба ҳошия ронад.

Вазири фарҳанг бояд санъат, театр, фалак, шашмақом, фарҳанги ҳама мардуми кишварро фаҳмад. Ман намедонам, ки се вазири охирине, ки ба ин курсӣ нишастанд, ин гуна буданд ва ё на. Зеро ман ягон маротиба онҳоро надидаам.

Даҳҳо масоили фарҳангиву ҳаҷвӣ ҳаст, ки мебояд вазирони фарҳанг онҳоро маҳз бо мо баррасӣ кунанд. Ҳеҷ масъуле парвое надорад...

 

Ҳаҷв тавони инқилоб ва сулҳофарӣ дорад

- Чӣ масъалае ҳаст, ки бояд баррасӣ шавад: агар бо вазири фарҳанг рӯбарӯ нишинед, перомуни кадом масоили мубрам суҳбат мекунед?

- Ман ба ин гуна имкон бовар надорам. Аммо ҳаҷв ва театри мазҳакавӣ барои аз байн бурдани мушкилоти доғи рӯз нақши бориз дошта метавонад. Бубинед, ки ҷавонони мо ба чӣ амалҳое даст намезананд. Чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷ. Агар Вазорати фарҳанг бепарвоӣ накунаду ҳаҷвнигоронро гирди ҳам ҷамъ овараду ҳар моҳе ақаллан як барномаи ҳаҷвии ислоҳотӣ гузаронад, афкори ҷомеа ва раванди зиндагии омма дигар мешавад.

Мутаассифона, вазирони фарҳанг ва дигар масъулин нисбати ҳаҷву ҳаҷвнигорон беэътиноӣ мекунанд, ҳол он ки, ҳаҷв қудрати сулҳ овардан, инқилоб кардан ва дигар намудани афкори мардумро дорад. Аммо дар ин вазорат на вазиронаш дар бораи ҳаҷв тасаввурот доранду на кормандонаш.

Дар Тоҷикистон садҳо театр, толор, клуб ва кохҳои фарҳангӣ ҳаст, вале даҳсолаҳост, ки аксари онҳо кор намекунанд, онҳоро торҳои анкабут зер кардааст, аммо кормандонаш аз буҷаи давлат маош мегиранд. Инро ба кӣ мегӯед?

 

Боз як маошхӯр зиёд...

- Чанд рӯз пеш бо як ҳаҷвнигор мусоҳиба доштам ва ӯ пешниҳод кард, ки дар кишвар бояд Академияи ҳаҷви тоҷик таъсис шавад. Шумо чӣ назар доред: шояд таъсиси ин академия ҳаҷвнигоронро ҷамъ оварад?

- Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳаҷвнигор ҳасту бас, вале Вазорати фарҳанг ҳаминҳоро ҷамъ карда наметавонанд... Чӣ қадар толорҳои консертӣ холӣ, чӣ қадар масъалаҳои ҳавҷӣ рӯи замин рехтагӣ, имконият фаровон. Аммо ҳоли 15 ҳаҷвнигорро мебинеду гиря гулӯгиратон мекунад...

Агар Академияи ҳаҷви тоҷик ҳам таъсис диҳанд, даҳҳо вазифадору даҳҳо маошхӯр пайдо мешаванду бас. Боз ҳамон ҳаҷви ғарибу ҳаҷвнигори сағир танҳо мемонанд...

- Дар телевизионҳои давлатӣ ҳам даъват намешавед: охирин барнома кай буд?

- Дар ёд надорам. Солҳост, ки ба телевизион ҳам даъват намекунанд. Танҳо як маротиба маро Носир Саид, директори ТВ “Сафина” ба ҳамкорӣ даъват карду бас. Аммо хоҳиши рафтан бароям пайдо нашуд...

Имрӯз эфири телевизионҳои тоҷикро фақат овозхонҳое пур мекунанд, ки касе онҳоро намешиносад, суруду оҳангашон маъно надорад. Аксарашон ягон омӯзишгоҳи мусиқиро ҳам хатм кардагӣ нестанд. Аз ин рӯ, он қадар телевизион ҳам тамошо намекунам.


 

Зери коса нимкосае ҳаст​​​​​​​

- Пас ба фикратон чаро ҳаҷв ҳамаҷониба дар ҳошия мондааст?

- Шумо метавонед, ки бо ин савол назди вазири фарҳанг, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва режисёрони барномаҳои давлатӣ равед ва барои худ посух ҷӯед.

Дар Соли нав, Наврӯз, иди бонувону ҷавонон ва ҳама ҷашнҳои дигар ҳаҷву ханда нест. Ид бе ханда ҳам мешудааст...

Бигзор гӯед, ки гурӯҳи “Ғарибшо” намешавад! Дигар ҳаҷвнигорон чӣ? Дигар устодони ҳаҷв чӣ? Дигар кормандони театрҳои мазҳакавӣ чӣ? Барои чӣ ҳеҷ кадоми онҳо ҳам ба чорабиниҳои фарҳангиву давлатӣ ва барномаҳои телевизионӣ даъват намешаванд? Ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст. Кадом маслиҳатгаре ҳаст, ки кори хато мекунад.

- Аммо чанде пештар Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ҳаҷвнигоронро барои таҳияи саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар ТВ даъват намудаанд, вале онҳо “маблағи ҳангуфт талаб кардаанд”. Ӯ барои мисол аз “Лаҳзаҳои гуворо” ном бурд...

- Ман ба боварӣ мегӯям, ки ягон ҳаҷвнигор маблағи ҳангуфте талаб намекунад, ки Кумитаи телевизион ва радио онро пардохт карда натавонад. Ин гапи худсафедкуние беш нест. Мо бо 500 сомонӣ, ҳатто бо 300 сомонӣ ва камтар аз ин ҳам барои ТВ барнома таҳия кардаем. Ман гонорари чандин саҳначаҳоямро нагирифтаам. Акнун маблағи ҳангуфт талаб мекунам?

Ман 32 сол аст, ки дар рӯи саҳнаям ва дар ин муддат садҳо барномаву саҳначаҳо таҳия кардаам. Агар ҳаҷвнигорон маблағи ҳангуфт талаб карда бошанд, чаро барномаҳои солҳои пешин, ҳатто бо ҳузури устодони ҳаҷв Убайдулло Раҷабову Қиёмиддин Чақаловро ба эфир намедиҳанд?

 

Бо ҳамкории мақомот...​​​​​​​

- Дар пайи саҳначаҳое, ки дар ҳузури президенти кишвар иҷро карда будед, ягон вокуниш ё таҳдиде шуд?

- Не, ягон вокунишу таҳдиде нашудааст. Ҳатто ҳамаи кормандони мақомот, ки дар он саҳначаҳо интиқод мешуданд, баъдҳо дар ҳар куҷое бинанд, самимона дастамро мефишурданд. Бархеи онҳо ҳатто ба ман мавзӯъ медоданд, ки дар бораи ину он дар баромадҳои минбаъдаам ҳазл кунам.

- Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷви сиёсӣ ё иҷтимоӣ ҳаст?

- Ҳаст, вале хеле кам...

 

Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов

“Ғарибшо” ва тақдири он​​​​​​​

- Аз тақдири гурӯҳи “Ғарибшо” мегуфтед: магар пош хӯрд?

- Не, пош нахӯрдааст, мо ҳар чанд вақт ҳамдигарро мебинем, сари пиёлаи чой менишинем, суҳбатҳои гарм мекунем. Аммо ҳар касе аз пайи қути лоямут аст. Вақте касе суроғат накард, ҳол чунин мешавад...

- Дар бораи ҳаҷвияҳои ахири Ташриф Халилов оид ба роҳсозиву хонасозӣ чӣ назар доред?

- Ташриф масъали доғи рӯзро дар ин саҳначаҳо бардоштааст.

- Бархе ҳаҷвнигорон ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, Муқимҷон Абдуфаттоеву Ташриф Халилов. Шумо чаро аз ин фазо истифода намебаред?

- Чунки намехоҳам. Ман ягон ютуб-канал ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам надорам ва истифода намебарам.

- Фикр намекунед, ки дар ҳошия мондани ҳаҷвнигорони аслӣ, фазоро барои ҳаҷви кӯчаву бозорӣ холӣ кардааст?

- Бале, ҳамаи гап сари ҳамин аст. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаҷви кӯчагӣ ва сабук гузошта мешавад, ки на маънӣ дораду на мазмун ва на забони фаҳмо.

- Дар як соли охир ба чӣ корҳо машғул будед ва боз чӣ нақшаҳо доред?

- Шукри Худо, рӯзгорам бомаром мегузарад ва дармонда нестам. Ба базму тӯйҳои мардум меравам, ба осоишгоҳҳо даъват мешавам, миёни мардум ҳастам.

Вале агар гӯям, ки фалон нақшаҳо дорам, дурӯғ мешавад. Агар ба ин ё он ҷо даъват шавам, омодагӣ мебинам, вагарна барои чӣ барномарезӣ кунам?

Бигзор моро ба чорабиниву барномаҳо даъват накунанд, ба ҳошия ронанд, ҳаҷвро дар саҳнаҳо роҳ надиҳанд, вале ватанам обод бошаду халқам хурсанд зиндагӣ кунанд.

- Ба ҳар ҳол, Рӯзи ханда иди касбиатон аст ва шуморо бо шумули ин ҳама дарду ғам, бо ҷашни касбиатон таҳният мегӯям!

- Ба ҳама мардуми Тоҷикистон Рӯзи хандаро муборакбод мегӯям! Шод зиҳед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.