Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав, ки ба гумони даст доштан дар он чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд, назорат ва фишор болои муҳоҷирон дар Русия шадид шуд.

“Азия-Плюс” аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо хатсайри ҳавоӣ аз Маскав баргаштанд, сабаби баргаштани онҳоро пурсид.

Дар фурудгоҳ издиҳоми мардум бозгашти хешовандони худро аз Маскав интизор буданд. Бисёриҳо хомӯширо авло дониста, аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд зикр мекунанд, ки наздикону пайвандонашон ҳеҷ фишореро дар Русия эҳсос накардаанд.  Мегӯянд, онҳо ба таври муқаррарӣ ба кору зиндагӣ идома медиҳанд ва барои таҷлили иди Фитр ба ватан омадаанд.

Ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз 23 март то 6 апрел 800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ шудаанд. “Лекин ин маънои онро надорад, ки ихроҷи онҳо ба амали террористӣ дар Маскав алоқамандӣ дорад, зеро санадҳои маъмурӣ оид ба ихроҷ 2-3 моҳ пеш аз ихроҷ тартиб дода мешаванд”, - шарҳ дод манбаъ.

Санҷиши доимии ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирон як амали муқаррарӣ шудааст. “Ҳамеша ҳамин тавр буд”, - мегӯянд муҳоҷирони аз Маскав баргашта.

Бисёр касоне, ки “Азия-Плюс” бо савол ба онҳо муроҷиат кард, изҳор намуданд, ки ба ҳеҷ як мушкилоти вобаста ба тақвияти назорат дучор нашудаанд.

Танҳо як мусофир зикр кард, ки маҳз бо сабаби фишор баргаштааст. Ба ин мард лозим омадааст, ки ҳатто коргоҳашро бандад ва коргарони ӯро барои мушкилоти ночиз дар ҳуҷҷатҳо, ки пештар онро ба осоонӣ ҳал кардан мумкин буд, хориҷ кардаанд.

“Ин дафъа намояндагони мақомоти Русия хеле сахтгир шуда, ҳамаро бидуни имкони ҳалли мушкилот ихроҷ карданд”, - иброз дошт ӯ.

Бархе аз пурсидашудагон изҳор доштанд, ки онҳо ҳам аз санҷишҳо гузаштаанд, лекин касоне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, ба ягон мушкилӣ дучор нашуданд.

Бисёре аз омадагон нахостанд, ки ошкоро дар бораи сабаби бозгашташон ҳарф зананд, қотеъона гуфтанд, ки онҳоро ташвиш надиҳем ва аз суҳбат бо журналистон худро канор мегирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.