Абдураҳим Сангинов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино дар озмуни “Хонандаи сол -2023” сазовори ҷойи якум гардид. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” бо мавсуф мусоҳиба орост ва аз дастовардҳои то ин вақт доштаву ниятҳои дар пеш гузоштааш пурсон шуд.

Озмун ва рақобат дар он

- Озмуни “Хонандаи сол - 2023” чӣ гуна гузашт ва аз кадом фанҳо имтиҳон супоридед?

- Ҳамасола озмуни шаҳрии “Хонандаи сол” бо дастгирии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад. Ин озмун аз 3 давр иборат аст: даври мактабӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ. Озмун ҳамасола дар рӯзи пойтахт ҷамъбаст мегардад.

Озмуни “Хонандаи сол” аз чандин шартҳо иборат аст. Мо аввалан аз 6 фанни таьлимӣ тест супоридем, баъдан аз фанҳои алгебра ва физика кори хаттӣ навиштем, аз забонҳои русӣ ва англисӣ диктант навиштем, баъдан дониши назаривии мо ва маҳорати суханвариву хозирҷавобӣ санҷида шуд.

- Рақобат чӣ гуна буд ва то куҷо бовар доштед, ки пирӯз мешавад?

- Рақибони ман ғолибони даври ноҳиявӣ буданд ва ҳар яке дониши хуб доштанд. Рақобат душвор буд ва мебоист, ки беш аз пеш омодагӣ бинам ва ғолибиятро ба даст орам. Ман муддатҳо вақтамро танҳо барои такрори дарсҳову омодагӣ ба рақобат сарф кардам. Донишу малакаам ба ман ёрӣ расонид, то ки ҷои 1-ро ба даст орам.

- Барои омодагӣ ба ин озмун кадом омӯзгорон ба Шумо ёрӣ расониданд?

- Ҳамарӯза мо бо устодони литсей ба озмун тайёрӣ медидем, маводҳои иловагиро меомӯхтем, яъне устодон дар ин ғолибияти ман бисёр нақши муҳим доранд.

Устод дар ҳама озмунҳо дар паҳлӯям буданд ва ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд. Аз ҷумла, Иброҳим Иброҳимзода - роҳбари дастаи созмони хонандагон, Сӯҳроби Бахтиёр - омӯзгори фанни алгебра ва Далер Салимов - омӯзгори фанни химия дар муддати тайёрӣ ба озмун ҳамарӯза ба ман ёрӣ мерасониданд ва аз онҳо бисёр миннатдор ҳастам. Ғайр аз ин, роҳбари муасиссамон Асҳобиддин Шералӣ низ ҳамеша ва дар ҳама озмуну олимпиадаҳо дар канорам буданд ва дастгирӣ мекарданд.


Ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурививу байналмилалӣ​​​​​​​

- Солҳои пеш дар ин гуна озмунҳо ширкат карда будед?

- Ман дар тӯли чандин сол дар озмуну олимпиадаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаам.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳоям ин ғолибият дар озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” мебошад, ки дар даври шаҳрӣ дар соли 2023 ҷои аввалро соҳиб шуда будам.

Ғайр аз ин, ман дар якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат карда ва ғолибият ба даст овардаам. Аз он ҷумла, соли 2022 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забони англисӣ ҷойи сеюм ва соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи сеюмро ба даст оварда будам.

Инчунин, гирандаи идрорпулӣ (стипендия)-и шаҳрдори Душанбе (2022) ва дукарат гирандаи идрорпулии президентӣ мебошам (2023, 2024).

- Таҷрибаи ширкат ва ғолибият дар олимпиадаҳои байналмилалиро ҳам доред?

- Бале, ман дар якчанд озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ду маротиба: соли 2022 дар олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи аввал ва соли 2022 дар олимпиадаи байналмилалии AMC аз фанни математика ҷойи сеюмро ба даст овардаам.

Инчунин, ман ҳамасола дар ҳакатони байналмилалии NASA Space Apps, ки аз тарафи ширкати NASA баргузор мегардад ва дар ECO ҳакатонҳо иштирок мекунам.


Озмун василаи сайқали дониш аст​​​​​​​

- Назаратон ба озмун ва олимпиадаҳо чӣ гуна аст ва барои хонандагон чӣ андоза ширкат дар онҳоро муҳим медонед?

- Олимпиада барои рушди дониши хонандагон муҳим мебошад, тариқи онҳо мо маҳорати худро месанҷем ва бо дигарон рақобат мебарем. Вақте ки хонанда ба олимпиада тайёрӣ мебинад, ӯ на танҳо мавзӯъҳои таълимӣ, балки маводҳои иловагиро бояд омӯзад.

Ширкати хонанда дар олимпиада баҳона мешавад, ки беш аз пеш донишҳои доштаашро инкишоф диҳад, бо омӯзгорон кор кунад ва ҳамзамон донишҳои иловагӣ ба даст оварад.

Ниҳоят, фикр мекунам, ин кор сабаб мешавад, ки хонанда дар соҳаи интихобкардаи худ мутахасиси хуб шавад.

Мехохам мактабро бо медали тилло хатм намоям​​​​​​​

- Таҳсил дар Литсей чӣ гуна мегузарад ва чӣ интизориҳо доред?

- Се сол аст, ки ман дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунам ва аз он ки дар ин даргоҳ таълим мегирам, аз устодони хуб дарс мегирам ва бо ҳамсинфони закӣ, ки боиси пайдо шудани рақобати солим миёни муҳассилин мешаванд, хурсандам.

Ҳамчун хонандае, ки дар 5 мактаби гуногуни ҷумҳурӣ таҳсил кардаам, гуфта метавонам, ки литсей ҳам аз ҷиҳати таълим ва ҳам аз ҷиҳати тарбия беҳтарин даргоҳ мебошад. Ҳаммактабони мо ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилилӣ дар озмуну олимпиадаҳо ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, ки ин натиҷаи меҳнати ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон мебошад.

Ман синфи 9-умро бо шаҳодатномаи сурх хатм кардаам ва дар синфи 11-ум мехохам мактабро бо медали тилло хатм намоям.


Соатҳои дарсии забонҳои хориҷӣ каманд​​​​​​​

- Кадом забонҳоро медонед ва аслан онҳоро дар куҷо омӯхтед?

- Ман озодона бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муошират мекунам. Забони русиро дар мактаб омӯхтаам, забони англисиро бошад, ҳам дар мактаб ва ҳам дар марказҳои омӯзиши хондаам.

Дар литсейи мо фанҳои дақиқ бо забони англисӣ дарс дода мешаванд ва ин сабаб шуда, ки сатҳи дониши забони англисии худро рушд диҳам.

Ман дар имтиҳони байналмилалии TOEFL, ки сатҳи дониши забони англисиро дар сатҳи байналмилалӣ месанҷад, аз 120 хол - 96 хол ва инчунин дар имтиҳони SAT аз 1600 хол 1400 ба даст овардаам.

- Ба фикри Шумо сабаб чӣ аст, ки хонандагон дар мактаб забони хориҷиро ба дараҷаи лозима омӯхта наметавонанд, вале дар курсҳои омӯзишӣ дар муддати кӯтоҳ онро аз худ мекунанд. Мушкил сари соатҳои дарсӣ аст, омӯзгорони фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва ё чӣ?

- Ба фикрам, омӯхтани забони хориҷӣ асосан ба хоҳиши хонанда рабт мегирад ва агар хонанда майли омӯхтан дошта бошад, дар мактаб ҳам забони хориҷаро ба як дараҷаи муайян омӯхта метавонад. Ба курсҳои омӯзишӣ нафароне мераванд, ки хоҳиши омӯхтани забони хориҷиро доранд ва барои аз худ кардани он вақт ҷудо мекунанду машғули омӯзиш мешаванд.

Лекин агар дар мактабҳо соатҳои дарсии забонҳои хориҷиро аз ин ҳам бештар кунанд, ба фикрам, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам зиёдтар мешавад. Зеро 2 соати дарсӣ барои забони англисӣ ё 3 соати дарсӣ барои забону русӣ дар як ҳафта кам аст ва мебояд, ки ин соатҳо бештар карда шаванд.

“Ба чанд донишгоҳи хориҷа дохил шудаам”​​​​​​​

- Ҳаст фанне, ки бештар дӯст медоред ва онро бештар меомӯзед?

- Фанҳои дақиқро бисёр дӯст медорам, ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикаву физика бароям писанд аст, ба фикрам, завқи ман ба ин фанҳо баъдан ба фанни технологияи иттилоотӣ табдил ёфт, ман дар тӯли 4 сол ин соҳаро хонда истодаам ва дар оянда мехоҳам дар ин соҳа кору фаъолият намоям.

- Барои таҳсил волидон чӣ қадар ёрӣ мерасонанд?

- Албатта, дар ҳама дастовардҳоям саҳми оилаам бениҳоят калон мебошад, зеро онҳо ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки ман ҳамеша дар беҳтарин муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоям. Онҳо ҳамеша дар паҳлӯи ман буданд ва ҳамавақт ба ман кӯмак мекарданд.

- Имсол литсейро хатм мекунед: дар оянда чӣ нақша доред ва дар куҷо таҳсил кардан мехоҳед?

- Ҳоло ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳҳои ИМА, АМА, Қатар, Туркия ва чанд давлати дигар супоридаам ва аллакай ба се донишгоҳи Туркия, Қатар ва ИМА дохил шудаам. Ҳоло посухи дигар донишгоҳҳоро интизорам ва дертар хулоса мебарорам, ки дар кадом донишгоҳ ва кадом ихтисос таҳсил намоям.

Аксар ихтисосҳои интихобкардаи ман дар соҳаи технологияи иттилоотӣ аст ва мехоҳам, ки баъд аз таҳсил дар хориҷа ба Ватан баргашта ва ба давлату миллат хидмат намоям.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.