Аксбардори тоҷик Самир Афардӣ ба намоиши корҳои эҷодии худ дар Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” (Муколамаи Фарҳангҳо) омодагӣ мегирад. Ҳамоиш аз 22 то 25 май дар толорҳои Эрмитаж дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.

Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” натанҳо майдонест барои намоиши корҳои эҷодии истеъдодҳои ҷавон, балки макони ташаккули дарки умумии гуногунии фарҳангӣ буда, ба рушди идеяҳои нав дар соҳаи фарҳангу расонаҳо мусоидат мекунад.

Имсол ҳамоиш макони вохӯрӣ барои баррасии мавзӯъ ва тамоилҳои гуногун хоҳад буд, ки фарҳанги ҷаҳонӣ бо он дучор мешавад.

Ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар намояндагони индустрияҳои навоварона аз кишварҳои мухталифи саросари дунёро гирдиҳам меорад.

Дар бораи аксбардор ва корҳои ӯ

“Сарчашмаи илҳоми ман зиндагӣ ва ҳазорон ҷанбаҳои он аст. Он чӣ гуна ба ман таъсир мерасонаду ман чӣ гуна ба он”, - мегӯяд Самир Афардӣ.

1/17

Самир аз оилаи адиби маъруф ва коргардони кинои тоҷик  Сайф Афардӣ мебошад. Маҳз рӯзгори бобояш Сайф ба ӯ дар кори аксбардорӣ ва кино илҳом бахшидаанд. Корҳои ӯ мукаммал ва пур аз самимият буда, лаҳзаҳои табиии ҳаётро инъикос мекунанд.

"Аз хурдӣ маро ҳикояҳо аз рӯзгори бобоям Сайф Афардӣ, ки нависанда буд ва аз китобҳои худ филмҳо офаридааст, иҳота мекарданд. Ин ҳикояҳо манбаи асосии илҳоми ман шуданд. Дар кӯдакӣ ба аксбардорӣ шавқ пайдо кардам, зеро дар чунин синнусол наметавонистам ба синамо машғул шавам. Акнун бо зиёд шудани имконот ва таҷрибаи андӯхта, торафт ба орзуи худ - таҳияи филмҳо ва видео наздиктар шудам", - нақл мекунад суратгир.

Дар доираи ҳамоиш Самир маҷмӯи начандон калони асарҳои худро муаррифӣ мекунад. Аммо ин аксҳо барои ӯ натанҳо сурат, балки саргузаштҳое мебошанд, ки дар камера сабт шудаанд ва шахсро ба андешаву эҳсосот водор месозанд.

Самир аз истеъдоди гузаштагони худ ва ҷаҳони атроф илҳом гирифта, асарҳоеро эҷод мекунад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунанд ва онҳоро ба ваҷд меоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.