Маҳдӣ Муҷоҳид, маъруф ба Мавлавӣ Маҳдӣ, фармондеҳи ҳазоратабори Толибон*, ки муқобили “амир”-и худ қиём карда буд, дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд, хабар медиҳад бахши форсии нашрияи “The Independent”.
Нашрия бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Маҳдь Муҷоҳид 15 август аз роҳи заминӣ вориди Эрон шуд ва як рӯз баъд нерӯҳои амниятии Эрон ӯро боздошт карда, ба Толибон* супориданд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон бо такя ба иттилои Вазорати дифои ҳукумати Толибон*, аз кушта шудани Маҳдӣ Муҷоҳид хабар нашр карданд.
Дар иттилои нашркардаи Вазорати дифои ҳукумати Толибон*, ки расонаҳои ин кишвар интишор намуданд, аз ҷумла гуфта мешавад: “Маҳдӣ пас аз саркашӣ алайҳи Имороти Исломӣ дар Балхоб, бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кӯҳҳо пинҳон шуд. Ӯ дар рӯзҳои гузашта қасд дошт ба Эрон фирор кунад, ки маъмурони созмони кашф ва истихбороти марзӣ, дар минтақаи марзии Афғонистону Эрон ӯро шиносоӣ карданд ва ба сазои аъмолаш расонданд".
Як манбаъи огоҳ бо шарти маҳфуз мондани номаш ба “The Independent” гуфтааст, Маҳдӣ зинда аст ва Толибон* қасд доранд пас аз анҷоми таҳқиқ ва пароканда кардани гурӯҳи мусаллаҳи ӯ, ки ҳанӯз дар кӯҳистонҳои Балхоб ҳузур дорад, ӯро эъдом кунанд.
Шахсони наздик ба Мавлавӣ Маҳдӣ то ҳанӯз дар мавриди тақдири ӯ изҳори назар накардаанд.
Дар пайи интишори хабари қатли Маҳдӣ Муҷоҳид, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, дар як паёми файсбукӣ қатли ӯро ба дасти Толибон маҳкум карда, онро ҷинояти ҷангӣ номид.
Ӯ афзуд, ки «тибқи иддаои Вазорати дифои Толибон*, (Маҳдӣ) пас аз асорат тайи як маҳкамаи саҳроӣ ба таври мазлумона ба шаҳодат расидааст».
“Мавлавӣ Маҳдӣ барои хабаргирии хонаводааш, ки пас аз ҳуҷуми Толибон ба Балхоб ба Эрон муҳоҷират карда буданд, озими ин кишвар буд”, - гуфт Муҳаққиқ.
Ҳамчунин, Муҳаққиқ гуфт: “Ин гуна куштани як фард, дар ҳоле, ки аз ҷабҳаи ҷанг гирифта нашуда ва ба унвони мусофир ё муҳоҷир бидуни силоҳ буда, аз назари таълимоти динӣ хилофи ислом ва аз назари қонунҳо ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меояд”.
Муҳаммад Муҳаққиқ гуфтааст “инҳисоргароӣ ва бедодгарии Толибон боис гардид, ки Маҳдӣ Муҷоҳид аз ин гурӯҳ ҷудо шуд ва “дар муқобили музлимон”-и ин гурӯҳ дар вулусволии Балхоб ҷабҳаи муқовамат эҷод кард”.
Маҳдӣ Муҷоҳид 13 сол пеш ба Толибон пайваст ва дар суқути низоми ҳукумати собиқ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нақши муҳим бозид. Ӯ пас аз барканорӣ аз раҳбарии идораи амнияти ҳукумати Толибон* дар ноҳияи Балхоби вилояти Сарипул бо ин гурӯҳ даргир шуд. Дар ҷанге, ки як ҳафта бо нерӯҳои таҳти фармони ӯ бо Толибон дар Балхоб ҷараён гирифт, даҳҳо нафар кушта шуданд. Баъдан, Толибон гуфтанд, ки Балхобро гирифтанд ва Маҳдӣ Муҷоҳид фирор кардааст.
Гуфта мешавад, ки сабаби аслии мухолифати Маҳдӣ Муҷоҳид бо ҳамсангарони дирӯзи худ аз он оғоз шуда буд, ки ӯ хостори саҳми бештари ҳазораҳо дар ин гурӯҳ будааст.
Ёдовар мешавем, ки яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани хукумати Толибон низ ташкили ҳукумати ҳамашумул аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста