Субҳи имрӯз, 10-уми октябр дар Киев ва Днепр чанд таркиш рух дод. Ба иттилои шабакаҳои телеграмм-каналҳои маҳаллӣ, дар пойтахти Украина дасти кам панҷ садои таркиш шунида шудааст. Ҳамчунин, дар мавриди фаъол гардидани системаи мудофиаи зидди хавоӣ дар вилояти Киев хабар дода мешавад.

Раиси шаҳри Киев Виталий Кличко ҳамла ба шаҳрро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ноҳияи Шевченко дар маркази Киев ҳамла кардаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, яке аз мушакҳо дар назди муҷассамаи Михаил Грушевский афтода, боиси оташ гирифтани мошинҳои раҳгузар шудааст. Хадамоти давлатии изтирории Украина хабар медиҳад, ки бар асари таркишҳо кушта ва захмиҳо низ ҳастанд.

Антон Геращенко, мушовири раиси Вазорати корҳои дохилии Украина, гуфт, ки дар Киев 5 нафар кушта ва 12 сокини шаҳр маҷрӯҳ шуданд.

Дар Киев ҳаракати қаторҳо ва метро қатъ карда шуд, ҳама истгоҳҳои метро ҳамчун паноҳгоҳ барои шаҳрвандон истифода мешаванд. Ҳоло кӯчаҳои марказии Киев бастаанд.

Бори охир Киев дар охири моҳи июн мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд. Баъдан артиши Русия ба ин шаҳр 14 мушак партоб кард. Яке аз онҳо дар ноҳияи Шевченко ба бинои баландошёна бархӯрд, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамла ба Киев дар пасманзари таркиш дар пули Қрим сурат мегирад. Рӯзи 8 октябр як мошини боркаш дар пули Қрим дар гулӯгоҳи Керч таркид ва ин пул қисман хароб шуд.

Владимир Путин таркиш дар пули Қримро ҳамлаи террористӣ номид ва дар он Украинаро муттаҳам кард. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, гуфт, вокуниши Русия ба тарконидани пули Қрим танҳо "маҳви мустақими террористон" буда метавонад.

Пас аз таркиш дар пули Қрим аз ҷониби вазири мудофиаи Русия фармондеҳи нави нерӯҳои ҳарбии Русия дар Украина таъйин карда шуд. Ба ин вазифа генерал армия Сергей Суровикин баргузида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.