Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар конфронси зиддитерроризм дар Душанбе гуфт, мақомоти Афғонистон ба аъзои созмонҳои террористӣ беш аз 3 ҳазор шиноснома доданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Ба аъзои созмонҳои террористӣ аллакай беш аз 3 ҳазор шиносномаи Афғонистон дода шудааст, ки бори дигар хатари ин режимро тасдиқ мекунад”, - иқтобос меорад манбаъ.

Ба гуфтаи Раҳимзода, “мушкилоти Афғонистон бояд дар маркази таваҷҷӯҳи доимӣ бошанд”.

Ҳамин тавр, ӯ гуфтааст, тамоюли авҷ гирифтани терроризм дар Афғонистон на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои минтақа низ хатари мустақим дошта метавонад.

Бояд гуфт, дар ин конфронси зиддитеррористӣ дар Душанбе масоили доғи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гашт ва мақомдорони тоҷик хатарҳои ҳамсарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистонро матраҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон ташкил гардида, рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.