Сироҷиддин Ҳаққонӣ, яке аз чеҳраҳои калидии Толибон*, ки сарпарастии вазорати корҳои дохилаи Афғонистонро ба зимма дорад, аз низоми идории ин гуруҳ интиқод карда, зарурати таҷдиди онро таъкид намуд. Дар ин бора нашрияи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.
Ӯ гуфтааст, низоми ҷорӣ дар Афғонистон набояд ба гунаи кӯчак сохта шавад ва “набояд ба як мадраса мунҳасир гардад”, балки ҳама мардум бояд дар низом шомил бошанд.
“Ин низомро набояд ба ҳадде мунҳасир кунем, ки танҳо “афроди як мадраса” дар он худро бинанд. Дар ин низом ҳама шарик ҳастанд ва ин низом ба хотире сохта нашуд, ки сирф худро наҷот диҳем, балки ба хотире сохта шуд, ки мамлакатро наҷот диҳем”, - таъкид намудааст Сироҷиддин Ҳаққонӣ.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, поягузори шабакаи Ҳаққонӣ* аст, ки бо амалҳои зиёди террористӣ шинохта шудааст. Ҳоло намояндагони ин шабака аз тундравтарин қишри Толибон дониста мешаванд, ки аз нуфузи хосса бархӯрдоранд ва вазифаҳову курсиҳои калидиро дар ҳукумати муваққати эълонкардаи Толибон ишғол мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин интиқоди масъули аршади Толибон аз низоми эҷодкардаи худ нест.
Қабл аз Ҳаққонӣ, Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифои Афғонистон низ дар суханрониҳои хеш бидуни зикри номи роҳбари худ, аз сиёсатҳои ҷории Толибон интиқод карда, гуфта буд, ки “инҳисори қудрат ва таҳмили дидгоҳ ба суди Толибон нест” ва “бо чашмони баста аз касе итоат накунанд”.
Дар посух ба ин интиқодҳо, Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, зимни суҳбат дар назди уламои дин дар Кобул ба мақоми вижаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и Афғонистон таъкид карда, гуфта буд, ки “агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.
Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои Охунзода интиқод кунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста