Нисораҳмад Аҳмадӣ, сарпараст ва муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон дирӯз, 6-уми июн, дар пайи як амали интиҳорӣ кушта шуд.
Муизуддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон ба телевизиони TOLO news гуфтааст, ки нафари интиҳорӣ бо мошини бомбгузоршуда мошини Нисораҳмад Аҳмадиро ҳадаф қарор додааст.
Дар пайи ин амал, инчунин ронандаи муовини волӣ кушта шуда, шаш нафар сокинни осоишта захм бардоштаанд.
Захмиён ва шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки шиддати таркиш ба ҳадде буд, ки бархе аз сохтмонҳои наздики маҳалли рӯйдод низ осеб дидаанд.
Ба навиштаи Спутник Афғонистон масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ* ба зимма гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи куштори мақомдорони Толибон* нест. Моҳи марти соли 2023 Муҳаммад Довуд Музмал, волии вилояти Балх низ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои ҳукумати вилоят кушта шуда буд.
Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон ваъда дода буд, ки бо гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави кишвар мубориза мебарад ва амнияти саросариро таъмин мекунад, аммо тавре ҳодисаҳои интиҳории ахир нишон медиҳад, мизони амалҳои террористӣ ва куштору сӯиқасдҳо дар Афғонистон ҳамоно дар сатҳи боло қарор дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста