Дар идомаи маҳдудиятҳои густурдаи Толибон* барои занон дар Афғонистон, Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи аз мункари ин гурӯҳ фармони бастани кошонаиҳои ҳусн барои занонро дар тамоми қаламрави кишвар содир кард. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад.

Гуфта мешавад барои пурра қатъ кардани фаъолияти кошонаҳои ҳусни занона як моҳ муҳлат дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) аз гурӯҳи Толибон хостааст, ки фармони бастани ороишгоҳҳои занонаро мутаваққиф кунад.

Ин дафтар дирӯз, 4-уми июл, бо ибрози нигаронӣ дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки “ин маҳдудияти ҷадид бар ҳуқуқи занон, ба иқтисод таъсири манфӣ мегузорд”.

Ба гуфта ин ниҳоди байнулмилалӣ, дар Афғонистон ин дастур ҳамчунин “бо ҳимояти эъломшуда аз корофаринии занон дар таззод аст”.

Бахши занони СММ дастури бастани ороишгоҳҳои занонро “охирин саркӯби ҳуқуқ, корофаринӣ ва фурсатҳои шуғлии занон” донистааст.

Ин вокуниш UNAMA дар ҳолест, ки Толибон пеш аз ин ба фаъолияти ороишгоҳҳои занона дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон маҳдудият ҷорӣ карда буданд.

Қабл аз ин, Толибон таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, рафтани онҳо ба маконҳои фароғатии ҷамъиятӣ, сайругашти танҳо дар кӯчаҳоро манъ карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.