Раҳбарияти ҳаракати “Толибон”* мегӯянд, намояндагони ҳукумати аз ҷониби онҳо созмонёфта барои иштирок дар нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳаққи қонунӣ доранд. Изҳороти дахлдор дар ин бораро ВКХ-и толибон рӯзи чоршанбе дар Twitter нашр кард, хабар медиҳад ТАСС.

"Амороти исломии Афғонистон (номи давлате, ки “Толибон” истифода мекунанд) аз баргузории чунин нишастҳо барои беҳбуди ҳамоҳангӣ ба манзури таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкориҳо истиқбол намуда, ҳамчунин иштироки Афғонистонро (ки дар ин созмон нозир аст) дар чунин вохӯриҳо ҳуқуқи қонунии худ мешуморад", - гуфта мешавад дар он.

Дар ин ниҳод зикр кардаанд, ки ҳузур надоштани намояндагони ҳокимияти Афғонистон дар нишасти рӯзи сешанбеи СҲШ "барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар самти муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ" монеаҳо эҷод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, толибон аз бахши эъломияи ниҳоии нишаст, ки дар он раҳбарони СҲШ ба таъсиси Афғонистон ҳамчун "давлати озод, мустақил ва воҳид, аз ҷангҳо ва маводи мухаддир озод" даъват кардаанд, баҳои баланд доданд.

Сарони кишварҳои аъзои ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хостори таъсиси “ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва сиёсии ҷомеа дар Афғонистон” шуданд.

Толибон дар шарҳи ин қисмати санад иддао доранд, ки “Аморати исломии Афғонистон аъзо ва намояндагони тамоми миллатҳо ва минтақаҳои кишварро дар бар мегирад”. Дар ВКХ-и “Толибон” илова кардаанд, ки кишварҳои СҲШ ба ин метавонанд бо арзёбии вазъ дар маҳал мутмаин шаванд.

Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 дар Шанхай таъсис дода шуд. Нахуст ба ҳайати он 6 кишвар - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил буданд. Соли 2017 ба онҳо Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд. Рӯзи сешанбе дар шакли онлайн ҷаласаи 23-юми Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор шуд. Дар ин нишаст Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд.

Эрон узви 9-уми Созмон шуд. Инчунин Беларус дар бораи уҳдадориҳо, ки расмиёти пайвастани пурра ба созмонро роҳандозӣ мекунад, ёддошт ба имзо расонид.

Ҳамчунин ба ин нишаст Муғулистон ба сифати давлати нозир, Туркманистон - ба сифати меҳмони раис даъват шуда буданд. Бо вуҷуди мақоми нозирро доштани Афғонистон дар СҲШ, толибон ба ин чорабинӣ даъват нашуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.