Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаҳои 6 январи соли 2021, вақте ки ҷонибдоронаш ба Капитолия ҳамла карданд, ӯро метавонанд ба ҳабс гиранд. 

Ба гузориши бахши русии ВВС, Трамп гуфтааст, ки ӯ ҳамчунин метавонад дар иртибот ба талошҳои баҳсбарангези натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020, ки дар он мағлуб шуд, муҷозот шавад.

Шаби якшанбе, прокурори махсус Ҷек Смит ба Трамп хабар додааст, ки ӯ таҳти тафтишоти федералӣ қарор дорад, навиштааст Трамп.

Трамп гуфтааст, ки дар назди ҳакамони васеъ ё ба истилоҳ доварони бузург ҳозир хоҳад шуд, ки ба гуфтаи ӯ  "тақрибан ҳамеша маънои боздошт ва айбдоркуниро дорад."

Ин сеюмин иттиҳоми ҷиноии Трамп хоҳад буд, аз ҷумла парвандае, ки аз ҷониби гурӯҳи Смит барои муносибати хунукназарона бо ҳуҷҷатҳои махфӣ боз шудааст.

Дар додгоҳи Ню-Йорк Трамп ҳамчунин ба тақаллуби сабтҳои муҳосибӣ барои пардохт ба ҳунарпешаи порнографӣ Сторми Даниэлс муттаҳам мешавад.

Додситонӣ бар ин назар аст, ки дар соли 2016, пеш аз интихоботи президентӣ, Трамп барои хомӯшии ӯ ба вай пул додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.