Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Валиаҳди Арабистони Саудӣ таъсиси Созмони умумиҷаҳонии обро дар шаҳри ар-Риёз эълон кард, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ҳамаҷонибаи чолишҳои об тавассути табодули таҷриба ва навовариҳои технологӣ, тадқиқот ва мусоидат ба маблағгузории бунёди тарҳҳои сифатан баланд ба манзури таъмини устувории захираҳои об ва дастрасии умум ба он мебошад.
Ин ташаббус баёнгари нақши Шоҳигарӣ дар мубориза бо чолишҳои об дар саросари ҷаҳон ва уҳдадориҳои кишвар нисбати масъалаҳои устувории зерсохторӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар давоми даҳсолаҳо дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва тақсими об, навовариҳо барои ҳалли технологии чолишҳо, саҳмгузорӣ дар сарбанди рӯзномаи байналмилалӣ гузоштани масъалаҳои вобаста ба об ба шумор меравад, ки аз ҷумлаи он то ҳол ҷудо кардани зиёда аз 6 млрд долл. ИМА барои кишварҳои 4 қитъаи ҷаҳон ҷиҳати иҷрои тарҳҳои обу корезӣ мебошад.
Созмони мазкур ҳадафҳои худро ҳамроҳ бо давлатҳое, ки мувоҷеҳи чолишҳои об мебошанд, ҳамчунин давлатҳое, ки таҷриба ва саҳмияҳои назаррас дар соҳаи об доранд, пиёда карда, бо назардошти эҳтиёҷи рӯзафзун ба об то соли 2050, ки дар он теъдоди аҳолии ҷаҳон тибқи пешгӯиҳо ба 9,8 млрд хоҳад расид, лоиҳаҳои муҳими рӯзномаи ватаниро ба зимма мегирад.
Шоҳигарӣ ба ҳамкорӣ бо давлатҳои узв ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, ки ба таъмини об ва фароҳам овардани ояндаи амн ва устувор дар соҳаи об равона шудаанд, умед мебандад.
Ҳамзамон бо эълони ин Созмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста