Имрӯз, 24 ноябр, соати 7:00 ба вақти маҳалӣ, риояи созиши оташбас миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос”, ки ду рӯзи пеш бо миёнҷигарии давлати Қатар ҳосил шуда буд, оғоз гардид.

Бар пояи ин созиши Исроил ва Ҳамос 50 гаравгони исроилӣ дар ивази 150 зану кӯдаки фаластинӣ, ки дар зиндонҳои Исроил нигоҳ дошта мешавад, озод хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ин тавофуқ имкон медиҳад, ки садҳо мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона, лавозимоти тиббӣ ва сӯзишворӣ вориди Ғазза шаванд. Рейдҳо ва боздоштҳо дар Ғазза низ бояд қатъ гардад.

Созиши мазкур айни ҳол барои чор рӯз баста шудааст ва маълум нест, ки муҳлати амали он тамдид мешавад ё не.

Бахши арабии BBC иттилоъ медиҳад, нахустин гурӯҳи 13 нафарии гаравгонҳо имрӯз, соати 16:00 ба вақти маҳалӣ, раҳо мешаванд.

Дар ивази он Исроил 150 зану кӯдаки фаластиниро, ки дар зиндонҳояш нигоҳдорӣ мешаванд, раҳо хоҳад кард.

Гаравгонон ва маҳбусони фаластинӣ бояд ба намояндагони Салиби Сурх супурда шаванд, аммо ҷузъиёти масири берун рафтани онҳо аз Ғазза ироа нашудааст.

Исроил гуфт, ки ин поёни ҷанг нест ва ҳукумат ваъда додааст, ки рисолати худро барои аз байн бурдани “Ҳамос” ва баргардонидани ҳама гаравгонҳо анҷом медиҳад.

Дар изҳороте, ки бахши низомии ”Ҳамос” мунташир кардааст, гуфта мешавад, ки дар ҳар як рӯзи оташбас барои вуруди чаҳор мошини сӯзишворӣ ва 200 худрави кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷоза дода мешавад.

Ёдоварӣ мешавем, ки даргириҳо миёни артиши Исроил ва Ҳамос дар навори Ғазза аз рӯзи 7-уми октябр инҷониб идома дорад. Дар ин муддат беш аз 14 ҳазору 500 фаластинӣ ва беш аз 1200 нафар исроилӣ кушта шуданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.