Ҳудуди 4 рӯз мешавад, ки ҳайати ҳукумати “Толибон” бо раҳбарии муовини сарвазири ҳукумати муваққати Афғонистон оид ба масъалаҳои маъмурӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар Ӯзбекистон қарор доранд, хабар медиҳад хабаргузории “Ферғона”.
Ҳайати «Толибон» 30-юми ноябр ба Ӯзбекистон рафта буданд ва ду рӯзи охир аз шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ди дан карданд.
Аз ин пештар Ҳанафӣ бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов, муовини ӯ Ҷамшид Хоҷаев ва муфтии Ӯзбекистон Нуриддин Холиқназаров мулоқот карданд.
Дар мулоқотҳо масъалаҳои тақвияти робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Ҳайати ҳукумати “Толибон” умедворӣ кардаанд, ки ҳамкории онҳо бо Тошканд дар соҳаҳои мухталиф тақвият ёфта, васеъ хоҳад шуд.
Тибқи иттилои “AmuTV” дар мулоқот бо Ҷамшид Хоҷаев, Абдулсалом Ҳанафӣ аз Ӯзбекистон хостааст, ки ҳамкориро дар соҳаҳои саноати маъданӣ, савдо, кишоварзӣ ва нақлиёт тақвият диҳад.
Ҷамшид Хоҷаев дар навбати худ тасдиқ кард, ки Ӯзбекистон омода аст дар доираи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои маъданӣ, рушди кишоварзӣ, савдо ва мусоидат ба транзити молҳо бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Мувофиқи маълумоти “Qalampir.uz”, ҳайати “Толибон” ҳамроҳии намояндаи вижаи Президенти Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматилло Иргашев аз шаҳри Бухоро дидан кардаанд.
«Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол мулоқотро шарҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки номи Ҳанафӣ дар рӯйхатси сиёҳи СММ ворид шудааст, ки маънои онро дорад, ки ба ӯ манъ аст, ки ба хориҷ сафар кунад», — қайд мекунад AmuTV.
Мақомоти расмии Ӯзбекистон то ҳол дар бораи сафари ҳайати “Толибон” ба кишвар иттилое пахш накардаанд. Танҳо ҳокимияти (маъмурияти) вилояти Самарқанд, ки онҳо рӯзи 2-юми декабр дар онҷо буданд, дар бораи сафари онҳо ба ин шаҳр хабар доданд.
Дар гузашта Абдулло Орифов низ бо як ҳайат ба Афғонистон рафта, бо роҳбарони ҳукумати "Толибон" мулоқот крада буд.
Аз миёни ҳамсоякишварҳои Афғонистон танҳо Тоҷикистон аз замони дигарбора қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар аз ин гурӯҳ интиқод мекунад ва борҳо хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ҳамсоякишвар шуда буд.
Аммо вақтҳои охир мақомдорони Толибон аз диду боздидҳои намояндагони Тоҷикистон бо ин гурӯҳ хабар медиҳанд.
Чанде пеш Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфта буд, ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки ин рафтуомадҳо кай ва чӣ гуна сурат гирифтаанду киҳо дар он ширкат доштаанд..
Тоҷикистон то ҳол ба ин гуфтаҳои мақомдорони гурӯҳи Толибон вокуниш накардааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста