Имрӯз, 17-уми ноябр, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯён таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон барои донишҷӯён рӯзи хосе муайян нагардидааст ва донишҷӯёни тоҷик ин рӯзро маъмулӣ мегузаронанд. Дар робита ба ин муносибат, “Азия-Плюс” кӯшиш кард, то ба рӯзгори донишҷӯён назар андозад ва сарфи харҷи зиндагии онҳоро дар як моҳ муайян намояд.
Дар Тоҷикистон 39 донишгоҳу донишкада ва 70 коллеҷ фаъолият менамоянд ва ҳамасола беш аз 50 ҳазор нафар донишҷӯ мешаванд. Ҳаёти донишҷӯён ҷолиб ва боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеа аст. Маълум нест, ки дар робита ба рӯзгори донишҷӯён дар кишвар тадқиқоти сотсиологӣ анҷом шудааст ё на. Вале мо дар асоси мушоҳида ва пурсишҳо талош намудем, то сарфи якмоҳаи донишҷӯёни тоҷикро муайян кунем.
Шартнома
Ҳар мактаби олии кишвар бо мавқеъ ва талаботи худ нархномаи муайяни шартномаро барои як соли таҳсил тартиб додааст: баландтаринаш 16,5 ҳазор сомонӣ ва пасттаринаш 2,7 ҳазор сомонӣ. Агар ба ҳисоби миёна маблағи шартномаи донишҷӯйро 6 ҳазор сомонӣ маълум кунем, пас як донишҷӯй дар як моҳ 450 сомонӣ маблағи шартнома пардохт мекунад.
Хобгоҳи мушкилзо ва иҷораи гарон
Ҳама мактабҳои олӣ дар наздашон хобгоҳ бино кардаанд. Нархи яксолаи зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо фарқ мекунанд. Донишҷӯёни ДМТ барои як сол 700 сомонӣ пардохт мекунанд. Донишҷӯёни ДДФСТ барои як соли зиндагӣ дар хобгоҳ 720 сомонӣ ва донишҷӯёни ДДОТ 850 сомонӣ месупоранд.
Агар ба ҳисоби миёна 700 сомонии солонаи хобгоҳро ба 9 моҳ тақсим кунем, харчи донишҷӯй дар як моҳ каме зиёд 77 сомонӣ мешавад.
Дар ин баробар, донишҷӯён шароити хобгоҳро мувофиқи талаботи муосир намедонанд ва аз набудани обу лифт ва хунукиҳои зимистон шикоят доранд. Донишҷӯёни хобгоҳи №8-и ДМТ нигаронӣ мекунанд, ки бо фаро расидани мавсими сармо то ба ҳол дастгоҳҳои гармидиҳии ин бино фаъол нагардидааст ва бо вуҷуди соли аввали ба истифода додани хобгоҳ ва ду лифт доштани он, маъмурияти хобгоҳ ҳарду лифтро хомӯш кардаанд.
Бо ин вазъ, ҳоло донишҷӯён гирифтани хонаи иҷораро афзал медонанд. Ҳоло хонаи иҷора барои як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе 250-300 сомонӣ, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ аз 200 то 250 сомонӣ арзиш дорад.
Хӯрок
Аслан, сарфу харҷи донишҷӯён бо вазъи иқтисодии оила алоқамандӣ дорад. Ба таври маъмул, агар донишҷӯй аз минтақаҳо бошад, аз хона низ барояш маҳсулоти ғизои аввалия мефиристанд. Як қисмат дар ошхонаҳо хӯрок мехӯранд ва як қисмати дигар дар хона тановули ғизо менамоянд.
Донишҷӯён аксаран хӯрокро дар хона тановул мекунанд ва барои харидории маҳсулот дар як моҳ то 150 сомонӣ масраф менамоянд. Илова бар ин, як донишҷӯ ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 15 маротиба дар берун хӯрок мехӯрад, ки дар маҷмӯъ, 300 сомонӣ (ба ҳисоби миёна хӯроки нисфирӯзӣ камаш 20 сомонӣ) сарф мешавад ва бо иловаи харидории маҳсулоти моҳона 450 сомониро ташкил медиҳад.
Он гурӯҳ донишҷӯёне, ки хӯрду хӯрокашон комилан дар берун аз хона аст, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 60-70 сомонӣ ва дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ масраф мекунанд.
Нақлиёт
Донишҷӯён барои аз як нуқта ба нуқтаи дигар рафтан аксаран аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳоло нархи як сафар дар автобус ва тролейбус барои донишҷӯён 1 сомониву 20 дирам муқаррар гардидааст. Вале барои сафар бо маршруткаҳо ба таври маъмулӣ 2 сомониву 50 дирам талаб карда мешавад.
Ҳамин тавр, ба ҳисоби миёна як донишҷӯй барои роҳпулӣ дар як рӯз аз 6 то 10 сомонӣ ва дар як моҳ аз 90 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамояд.
Хароҷоти ҳатмӣ ва иловагӣ
Масрафҳои дигари донишҷӯён харидани китобу дафтар ва дигар лавозимоти хониш аст. Барои ин ба ҳисоби миёна ҳар як донишҷӯ моҳе аз 30 то 50 сомонӣ харҷ мекунад.
Ҳамин тавр, имрӯз 95 фисади донишҷӯён аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Барои хариди бастаҳои интернети якмоҳа донишҷӯён аз 80 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамоянд.
Ҳаёти донишҷӯйӣ давраи тиллоӣ аст ва дилхушиву сайругашт ройгон нест. Албатта, ин ҳам номунтазам ва барои ҳама гуногун аст. Аммо донишҷӯи оддӣ барои дилхушӣ ва сайру тамошо дар як моҳ камаш 200 сомонӣ сарф мекунад.
Хариди либосҳои мутобиқ ба мавсими сол низ аз зумраи дигар хароҷоти донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Барои ин сарфу харҷи гуногун пешбинӣ мешавад, вале ба таври миёна назар афканем, барои ҳар донишҷӯ аз 200 то 300 сомонӣ дар ин маврид лозим мешавад.
Хулоса, дар асоси ҳисоби миёнаи мо, як донишҷӯй дар як моҳ 1,5 ҳазор сомонӣ сарф мекунад:
450 (Шартномаи якмоҳаи донишгоҳ) +77 (хобгоҳ барои як моҳ)+200 (хурду хӯрок)+150 (нақлиёт)+40 (лавозимоти хониш)+150 (маблағи интернет)+200 (истироҳат ва сайру гашт)+250 (либос) = ҳудуди 1520!
Манбаи даромад: идрорпулӣ, кор ва волидайн
Тавре маълум аст, донишҷӯён се намуди даромад доранд: идрорпулӣ, оила ва кор баъд аз таҳсил.
Идрорпулии баландтарин дар донишгоҳҳои Тоҷикистон олӣ ном дорад, ки 368 сомонӣ аст. Вале маълум гардид, ки ин идрорпулиҳо барои хароҷоти як ҳафтаи донишҷӯй кифоят мекунад. Манбаи “даромад”-и дигари донишҷӯй, албатта, оила аст. Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёне низ кам нестанд, ки пас аз дарс ва гоҳо шабона кор мекунанд. Аз ин ҳисоб, даромади онҳо гуногун аст.
Албатта, ин хароҷот метавонад хеле кам карда шавад, агар донишҷӯй буҷавӣ таҳсил кунад, идрорпулӣ гирад, дар хобгоҳ зиндагӣ кунад, миқдори хӯроку нӯшокиҳоро кам кунад ва аз дилхушиву сайругашт даст кашад. Вале баръакс, метавонад зиёд сарф кунад.