Агрегати чоруми Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пас аз таҷдид, ба истифода дода шуд. Таҷдиди нерӯгоҳ панҷ сол пеш оғоз гардида буд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 30-юми август, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Норак гидроагрегати чоруми НБО “Норак”-ро баъди таҷдид ба истифода дод.
Сафари Президенти кишвар ба шаҳри Норак аз боздиди рафти навсозии НБО “Норак” ва ба истифода додани агрегати чоруми он оғоз гардид. Он бо пахши тугма аз ҷониби раисҷумҳур ба кор дароварда шуда, кори агрегат бо гузоштани танга дар болои он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ арзёбӣ шуд.
Ҳамчунин, президенти кишвар ба масъулин супориш додааст, ки корҳои навсозии дигари агрегат дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Ёдовар мешавем, корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Норак” ҳанӯз соли 2019 оғоз гардида, барои он 35 миллиону 193 ҳазор евро равона гардид. Ҳамакнун марҳилаи якуми таҷдиди нерӯгоҳ дар ҳоли амалишавӣ қарор дошта, дар доираи он навсозии 3 гирдоагрегати дигар, 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, стансияҳои насосии нерӯгоҳ, ивази 27 крани борбардор, лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз карда шуда, анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.
Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми нерӯгоҳ баъди навсозӣ 24-уми октябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуд ва имрӯз бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.




6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста