Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ”-ро рад кардааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ин рӯзноманигор моҳи августи соли ҷорӣ аввал бо гумони “пешниҳоди пора” ба корманди КДАМ боздошт шуда, дертар нисбаташ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ айб эълон гардид. Ба парвандааш “мӯҳри махфӣ” заданд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки Аҳмади Иброҳим ҳеч айби эълоншударо нисбаташ қабул накардааст, вале иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро “хандаовар” хондааст.
Муфаттишон гӯё дар чанд мақолае, ки ӯ аз соли 2016 то 2018 нашр кардааст, мӯҳтавои ифротгароӣ пайдо кардаанд.
“Аҳмади Иброҳим гуфтааст, ки ман тамоми умр зидди ифротгароӣ мубориза кардам. Аз ҷавонон даъват мекардам, ки ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ напайванданд. Мақолаҳои ман ба ҳадде таъсир доштанд, ки ду ДОИШ-ии шинохта, Гулмурод Ҳалимов ва Абу Холидӣ Кӯлоб мустақиман маро таҳдид карданд, ки рӯзе туро ҷазо медиҳем. Ӯ бо хитоб ба муфаттишон гуфтааст, ки магар шумо қасди Гулмурод Ҳалимов ва Абухолиди Кӯлобиро мегиред? Агар ман зидди ифротгароиву терроризм намешудам, магар онҳо маро таҳдид мекарданд?”, - гуфтааст Аҳмади Иброҳим ба муфаттишон.
Бояд гуфт, соли 2015 Нусрат Назаров, ки дар миёни ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ шинохта мешуд ва Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории ВКД, ки дар Сурия ба ДОИШ пайваста буд Аҳмади Иброҳимро барои навиштаҳояш дар рӯзномааш таҳдид карда буданд.
Тасдиқи ин гуфтаҳо дар мақомот ғайриимкон аст, зеро онҳо бо далели “мӯҳри махфӣ” парвандаи шарҳе намедиҳанд.
Пайвандони Аҳмади Иброҳим ҳам аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд ва ҳеч шарҳе дар бораи боздошти ӯ намедиҳанд. Вакили дифои ӯ дастнорас аст.
Ҳамин қадар маълум аст, ки наздикони Аҳмади Иброҳим ба Боздоштгоҳи Кӯлоб барояш хӯрок мебаранд.
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.
Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 номнавис кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.
Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ кардаанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сокит аст.





From markets to online platforms: how consumer rights are protected in Tajikistan
European investment fund to invest over $200 Million in Tajik new privately-owned airline
Debt trap: how to take a loan in Tajikistan without regretting it
Tajikistan citizen killed by unknown gunmen in Afghanistan’s Kunduz, afghan media outlets report
Kazakhstan approves new Constitution, central election commission says
Iranian footballers who sought asylum in Australia decide to return home
Radisson Collection to enter Tajikistan
Talbak Nazarov — the patriarch of Tajik diplomacy
Central Asia’s water crisis in numbers
Tajikistan national team to compete at Asian Judo Championships in China
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста