Тими милли футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дода, навиштааст, ки маросиси қуръакашӣ имрӯз, 9-уми декабр, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ташкил шудааст. Ҳар як мунтахаб дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад.

Ғолибони 6 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ба иттилоъи ФФТ, 5 бозии футболбозони тоҷик соли 2025 ва як бозии дигар моҳи марти соли 2026 баргузор хоҳанд шуд.
Тоҷикистон марҳилаи интихобиро рӯзи 25-уми мари соли оянда дар Душанбе бо бозӣ муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад.
Рақобатҳои дигари тими миллии футболи кишвар ба таври зайл хоҳад буд:

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон танҳо як маротиба ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифта, дар он иштирок карда буд.
Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли ҷорӣ дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.





Famous "Kharbouza" teahouse in Hisor re-listed for auction
Over 200 Tajik nationals repatriated from Iran and 115 others from the UAE
"The US will bitterly regret it": Iran confirms loss of military ship after US strike
Will the crisis around Iran revive ISIS? How the new war may affect security in Central Asia
Tajikistan and Turkmenistan outline directions for trade and economic cooperation
Output from Tajikistan's free economic zones increases by 30% in 2025
Tajikistan authorities order Somon Air to organize charter flights for citizens from the Middle East
Uzbekistan to introduce life sentences for pedophiles and arrests for sexual harassment
How Iranians are coping with bombing raids: rare testimonies of life during war and internet blackouts
Free heart disease treatment campaign for children launched in Dushanbe
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста