Димитрий Черишев, мураббии шинохтаи рус сармураббии нави дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъйин шудааст.
Дар ин бора саҳифаи телеграми “Равшан” хабар дода, навиштааст, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни президенти “Равшан” Зафар Соҳибназар ва Дмитрий Черишев имрӯз, 20-уми декабр дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, мутахассиси рус рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон биёяд.
Бо омадани Черишев машқу тамринҳои дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мешаванд. Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки дар кадом кишвар.
“Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд”, - омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, Дмитрий Черишев, ки соҳиби иҷозатномаи UEFA Pro мебошад, дар тӯли фаъолияти тӯлонии мураббигии худ бо як қатор дастаҳои маъруфи футболи Русия ва Аврупо ҳамкорӣ кардааст.
Ӯ, аз ҷумла, дар “Реал Мадрид” (дастаи кӯдакон), “Севиля”, “Сибир”, “Зенит” (ҳайати ҷавонон), “Иртиш” ва “Шинник” кор кардааст.
Черишев бо фаъолияти худ дар дастаҳои Лигаи футболи Русия ва дастаҳои аврупоӣ, аз ҷумла “Санта-Колома” аз Андорра, шӯҳрат пайдо кард. Маҳз бо ин даста ӯ натиҷаи таърихиро дар мусобиқоти аврупоӣ барои футболи Андорра ба даст овард ва то даври дуюми Лигаи конфренсия роҳ ёфт.
Ёдрас мешавем, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи кишварро бо 41 имтиёз ва касби зинаи сеюм ба поён расонд ва медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Аммо натиҷаҳои даста дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё нигаронкунанда буд. Зеро даста дар ин мусобиқа натавонист аз гурӯҳи худ берун шавад. “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 танҳо як пирӯзӣ ва се имтиёз касб карда, дар зинаи охири гурӯҳи “А” қарор гирифт.
World Bank: Tajikistan leads in remittance share of the economy
Economic empowerment of NEET individuals in Khatlon region
Imported meat from Belarus and Kazakhstan: an alternative amid rising prices in Tajikistan
Dushanbe to host International Jewelry Forum "At the Origins of Oxus Treasures"
CSTO expresses concern over possible deployment of European troops to Ukraine
Dushanbe and Tashkent plan joint geological exploration in the Pamirs
"Horsepower" becomes more expensive in Tajikistan
Tajikistan plans to join AFACI to develop agriculture
New rail routes launched in Central Asia, bypassing Russia
Women of Tajikistan appeal to president to mitigate journalist Rukhshona Hakimova’s sentence
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста