Гурӯҳи ҲАМОС, ки навори Ғаззаи Фаластинро зери назорат дорад, бар асоси тавофуқи оташбас ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супоридааст.
Ба навиштаи расонаҳои ҷаҳон, ҲАМОС ин навбат ҷасади Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир, модари онҳо Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супоридааст.
Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил асир шуданд.
Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда ҳам ба асорати ҲАМОС афтода буд, аммо аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ дошта мешуд. Ӯ пештар аз сӯи ҲАМОС озод шуда буд.
Намояндагони ҲАМОС қаблан гуфта буданд, ки ин кӯдакон дар пайи мушакборони Ғазза аз сӯйи Исроил кушта шуданд. Ҳангоми супоридани ҷасадҳо бори дигар таъкид карданд, ки ин чаҳор нафар дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Аммо Исроил то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки ҳувияти ин ҷасадҳоро вақте таъйид мекунанд, ки худашон озмоишҳои пизишкӣ анҷом диҳанд.

Қарор аст рӯзҳои наздик ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгони дигарро ба Исроил таҳвил диҳад.
Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг тавофуқи оташбасро имзо карданд, ки аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад. Ин тавофуқ бо миёнчигарии Қатар, Миср ва Амрико ба даст омад ва се марҳиларо дар бар мегирад.
Дар марҳилаи аввали он, ки 6 ҳафтаро дар бар мегирад, ҲАМОС бояд 33 гаравгони исроилиро озод кунад. Дар ивази онҳо Исроил ҳудуди 1900 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад.
Дар марҳилаи дуюми созиши оташбас ивази боқимондаи гаравгонҳо ва ақибнишинии пурраи нерӯҳои Исроил аз Ғазза пешбинӣ мешавад. Марҳилаи сеюми шомили бозсозии Ғазза хоҳад буд.
Бояд гуфт, то ҳол дар 6 марҳилаи ивази асирон ҲАМОС 24 исроилӣ ва Исроил 1 ҳазору 135 фаластиниро озод кард.
Ҷанг дар Ғазза пас аз 7-уми октябри соли 2023, баъди ҳамлаи ҲАМОС ба чанд минтақаи Исроил ва куштори 1200 нафару ба асорат гирифтани зиёда аз 200 сокини ин кишвар оғоз шуд.
Баъди ин Исроил Ғаззаро мушакборон кард ва ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ, ки аксаран занону кӯдакон буданд, кушт.





Amir Tour named best domestic tourism company in Tajikistan
Tajikistan’s ambassador urges students studying in Russia to respect local laws and values
Certain batches of NAN baby formula withdrawn in Tajikistan over potential toxin risk
Legendary U.S. investor buys shares on Uzbekistan’s stock exchange
“I don’t need international law”: Trump says his power is limited only by his “own morality”
Construction of the Qalai-Khumb – Vanj highway frozen for second month
Internet nearly completely shut down in Iran amid protests and rial collapse
Earthquake of magnitude 5.3 recorded in GBAO’s Murgab district on January 9
Protests erupt in the U.S. after woman killed during immigration operation
US Embassy in Dushanbe confirms suspension of Green Card lottery program
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста