Пулиси Душанбе аз тоҷирону соҳибкорон хостааст, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набардоранд. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” меандешад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт изҳорот нашр кардааст.
Дар хабари Раёсат гуфта мешавад, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд.
“Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист”, - таъкид мешавад дар хабар.
“Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист", - гуфтааст Раёсати ВКД дар пойтахт.
Бо назардошти ин, Раёсат аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда кардааст, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд, зеро дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева ва хушкмева гарон мешаванд.
Қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ бо ишора ба ин масъала изҳор намуд, ки ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.
Ӯ аз ҳадиси ин Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ёдовар шуд: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.






Statistics vs. wallet: Tajikistan's rising income vs. stagnant quality of life
Kazakhstan's foreign minister visits Freedom IT-Hub in Dushanbe
Uzbekistan plans to launch "Mirzo Ulugbek" satellite and prepare first astronaut
405 people released from liability in Tajikistan for 'liking' extremist-related content
Russia approves agreement allowing migrants from Tajikistan to undergo medical exams before entering Russia
Tajik president holds talks with Kazakhstan's foreign minister to discuss cooperation
Tajik, Kazakh top diplomats discuss economic and cultural cooperation
9 million somoni found in inspector’s account: prosecutors uncover major energy sector embezzlement scheme
Tajikistan records 177 human trafficking cases last year
“They want to undermine our relations with China”: Tajik prosecutor-general on clashes along the Afghan-Tajik border
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста