Ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон дар баъзе нуқтаҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳoи фурӯши маҳсулоти хӯрока ташкил гардидааст, ки нархи маҳсулот дар он нисбати ба бозорҳо арзонтар аст. Ярмаркаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз аз 16 то 20-уми март ва ба муносибати Иди Рамазон аз 25 то 30-уми март идома мекунад.
Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”-и пойтахт, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯбарӯи беморхонаи “Шифобахш”, маъруф ба “Қарияи боло”) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешаванд.
Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, маҳсулоти донагӣ ва сабзавоту мевагиҳоро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, дар фурӯшгоҳи назди боғи "Курӯши Кабир" 1 кг гӯшт 60 сомонӣ, картошка 4,5 сомонӣ ва себ 4-10 сомонӣ аст.
Бояд гуфт, ки ярмаркаҳо бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии зпхираҳои моддии давлатӣ ва “Тоҷикматлубот” ташкил шудааст.
Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Вале баъзан сокинон аз сифати маҳсулоте, ки дар ин ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, нигаронӣ мекунанд.
Taxpayers in Tajikistan warned about the deadline for installing and activating the "My Tax" app
Tajikistan struggles to realize benefits from a digital transformation
A road built in Sughd province three months ago with migrant workers' funds has partially collapsed
FAO warns Central Asian countries about the risk of losing unique plant resources
Will the new wave of U.S. tariffs have any impact on Tajikistan?
Mudslides and floods cause damage to roads and residents in several regions of Tajikistan
FINCA Tajikistan earns highest level of client protection certification
IBT, Huawei, and IT Service sign a MoU on cooperation
Somon Air resumes flights to Krasnoyarsk
Kyrgyz authorities report foiled coup attempt
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста