Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо гумони даст ба фасодкорӣ задан, боздошт шудааст. Далели боздошти ректор мақомот расман шарҳ надоданд, аммо се манбаъ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.
Як манбаи “Азия-Плюс” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ва як манбаи дигар дар мақомоти тафтишоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Аюб Усмонзода 11-уми март аз сӯйи мақомоти амнияти вилоят боздошт гардид ва ҳоло бозпурсӣ мешавад.
Талошҳои мо барои дастрас кардани иттилоъ расмӣ аз мақомоти амнияти вилоят бесамар анҷомид.
Ба иттилои манобеи мо, ректори ДДХ барои фасодкорӣ гумонбар аст, аммо маълум нест, ки сухан мушаххас сари чанд пул ва дар кадом ҳолатҳо меравад.
Ҳамсари Аюб Усмонзода далели боздошти шавҳарашро тасдиқ кард, аммо нахост дар бораи тафсилоти он суҳбат кунад.
Ӯ, ки бидуни зикри номаш бо мо тариқи телефон суҳбат мекард, гуфт, “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.
“Шавҳарам табиатан одами нек, боандеша аст ва мумкин нест, ки даст ба кори ғайре зада бошад”, - гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, бо шавҳараш дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст ва ҳолати ӯ хуб аст.
Яке аз се фарзандони Аюб Усмонзода ҳам зимни як суҳбати телефонӣ ба бегуноҳии падараш ишора кард, аммо нахост батафсил суҳбат кунад.
Аюб Усмонзода аз руйи ихтисос таърихшинос буда, унвонҳои илмии доктори илмҳои таърихро дорад. Ӯ аз апрели соли 2022 ректори ДДХ аст.

Рӯзи 18-уми март, вақте хабарнигори “Азия-Плюс” ба ДДХ рафт, касе аз кормандони раёсати донишгоҳ нахостанд ин мавзӯро расман шарҳ диҳанд.
Боздошти ректори ДДХ пас аз тахминан як моҳи эълони ошкор гардидани ҳолатҳои зиёди фасодкорӣ дар ин донишгоҳ сурат мегирад.
Моҳи гузашта дар нишасти хабарии худ сардори Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсиониро дар Донишгоҳро ошкор карданд.
Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Аммо на дар нишасти матбуотии моҳи гузашта ва на баъди он номи ин 5 нафар кормандони донишгоҳро ошкор накарданд.
Моҳи майи соли 2023 низ милитсияи вилояти Суғд аз боздошти декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишггоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми гирифтани пора гузоришии видеоӣ дода буд.
Дар нишастҳои матбуотӣ Ректори боздоштшудаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода хабари боздошти кормандонашро бо вуҷуди расонаӣ шудан бепоя ва туҳмат мехонд.





US allies decline Trump’s call to send warships to the Strait of Hormuz
Average salary in Tajikistan rises by 17.3% year-on-year
Tajikistan begins implementing CIS agreement on locust control
Tajikistan needs about $1 Billion annually to tackle climate change
Nearly 30 Cultural Heritage Protection Projects Launched by the European Union and ALIPH in Central Asia
Fears of Iranian refugee influx grow in Central Asia as war intensifies
Former head of Sughd regional health department released after paying fine in bribery case
How much does school education actually cost in Tajikistan?
From markets to online platforms: how consumer rights are protected in Tajikistan
European investment fund to invest over $200 Million in Tajik new privately-owned airline
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста