Дирӯз 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин мулоқот масъалаҳои ҷорӣ кардани раводиди ягона барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди сайёҳӣ ва савдо ва ташкили хатсайрҳои нави заминӣ баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки “кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд”.

“Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем”.

Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ бо Ӯзбекистон ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки “мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон хушбинии баланд дорем”.

 

Пешниҳоди ҷорӣ кардани раводиди ягона

Дар мулоқоти сеҷониба, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон пешниҳод кард, ки имкони ҷорӣ кардани раводиди ягона барои рафтуомади озоди сайёҳон дар кишварҳои минтақа баррасӣ шавад.

“Ҷорӣ намудани раводид ҳаракати озоди сайеҳонро дар кишварҳои минтақа, ба монанди минтақаи Шенген дар Аврупо таъмин хоҳад кард”,- гуфт ӯ.

Мавқеи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар робита ба пешниҳоди ҷорӣ кардани раводиди ягона  барои шаҳрвандони давлатҳои дигар маълум нест.

Ёдрас мешавем, ки Содир Жапаров, ҳанӯз 13-уми март пешниҳоди ҷорӣ кардани раводиди ягона барои шаҳрвандони дигар давлатҳоро барои  вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дода буд.


 

“Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст”

Содир Жапаров дар суханрониаш ҳамчунин гуфт, ки “ҳамгироӣ дар минтақа дар ҳоли рушд аст ва таҳкими равобит дар ҳама бахшҳо калиди рушди устувор ва шукуфоии Осиёи Марказӣ хоҳад буд”.

“Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд: “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст”. Қирғизистон ба оянда бо хушбинии бузург менигарад ва ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо давлатҳои бародарии Осиёи Марказӣ собитқадам аст”, - таъкид кардааст вай.

 

Аз афзоиши хатсайрҳои нав то зиёд шудани ҳаҷми гардиши мол

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон гуфтааст, ки Шартномаи қабулшуда дар бораи нуқтаи сарҳадҳои давлатии се кишвар суботро таъмин карда ба баланд бардоштани нуфузи байналмилалии тамоми минтақа мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи ӯ гардиши мол миёни Ӯзбакистону Қирғизистону Тоҷикистон даҳ баробар афзоиш ёфтааст, ки қариб нисфи ин ҳаҷм ба манотиқи марзӣ рост меояд.

Роҳбари Ӯзбекистон ба зарурати тавсеаи гузаргоҳҳои гумрукӣ дар марзҳо, ташаккули шабакаи муосири савдо ва логистика миёни се давлат таъкид кардааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки платформаи савдои сетарафа бо ташкили ярмаркаи доимии маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ таъсис дода шавад.

Шавкат Мирзиёев зикр кардааст, ки корҳо дар самти робитаҳои нақлиётӣ - афзоиши парвозҳо, роҳандозии хатсайрҳои нави автобусҳо дар минтақаҳои наздисарҳади се кишвар идома меёбанд.

Баъди анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.

 

“Се дарахт паҳлӯ ба паҳлӯ истода як заминро бо решаи худ мустаҳкам мекунад”

Шоми 31-уми март сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ширкат карданд. Дар ин чорабинӣ ҳунарманони се кишвар барномаҳои фарҳангии худро иҷро намуданд.

Пеш аз оғози барномаи консертӣ роҳбарони се давлат баъзе ҷузъиёти музокиротро гуфтанд ва сокинону меҳмононро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар гуфта, таъкид кард, ки бовар дорад, “аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.

“Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд... Мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Содир Жапаров дар суханрониаш зикр кард, ки “таъмини амнияти сарҳади давлатӣ на танҳо як раванди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамсоягии нек, субот, амният ва рушди муштарак мебошад”.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳалли масоили марзиро дастоварди бузург хонда гуфт, ки “халқҳои мо метавонанд дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул шаванд ва барои оянда нақшаҳо таҳия кунанд”.

“Се дарахти паҳлӯ ба паҳлӯ истода як заминро бо решаи худ мустаҳкам мекунад. Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мисли ин дарахтонанд, ки нерӯи онҳо дар ваҳдат аст, шохаҳояш ба сӯи оянда мерасад ва решааш аз хоки дӯстиву рафоқат ғизо мегирад”, - гуфт Содир Жапаров.

Шавкат Мирзиёев, низ дар суханрониаш имзои Шартномаро иди бузург хонда гуфт, ки “сарҳадҳо минбаъд хати бародарӣ, фазои имкониятҳои нав, созандагиву ҳамгироӣ мебошанд”.

“Имрӯз Шартномаи равобити ҳампаймонӣ миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Дар ояндаи наздик миёни Ӯзбакистон ва Қирғизистон чунин санад ба имзо хоҳад расид”,-гуфт ӯ.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев зимни музокирот оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, зиёд намудани парвозҳои мустақим ва роҳандозии хатсайрҳои нави автобусҳо байни шаҳру навоҳии наздимарзӣ тавофуқ ҳосил шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.