Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рустам Миннихонов, раиси ҷумҳури Тотористон дар Душанбе рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дорусозиро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ, ки имрӯз, 3-юми апрел сурат гирифт, мушаххас масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди ашёи хом, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шудааст. Тарафҳо ҳамзамон, дар бораи дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ суҳбат кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тотористон навиштааст, ки то охири соли 2024 гардиши мол миёни Тотористону Тоҷикистон 77,3 миллион долларро ташкил дода 2 баробар афзудааст. Ҷонибҳо бар ин назаранд, ки ин ҳаҷм ба зарфиятҳои ҳамкории мутақобила мувофиқат намекунад.

Рустам Миннихонов дар брифинг гуфтааст, ки дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Тотористон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ӯ гуфтааст, ки дар оянда муносибати ду кишвар на танҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, ҳамчунин дар самти фарҳангу маориф густариш меёбанд
“Ҳоло беш аз 900 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тотористон таҳсил доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар корхонаҳои Тотористон фаъолият менамоянд, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми калон мегузоранд”,- гуфтааст Рустам Миннихонов.
Раиси ҷумҳури Тотористон таъкид кардааст, ки маҳсулоти истеҳсолии ин кишвар аз ҷумла интиқоли чархболҳо, нафту газ, яхдон, мошинҳои кишоварзӣ, кимиё, маҳсулоти тиббӣ ва дорусозӣ ба Тоҷикистон рушд кунанд.
“Дар навбати худ, ширкатҳои тоҷикистонӣ метавонанд дар ҷараёни вохӯрӣ ҳаҷми интиқоли маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистонро ба Тоҷикистон афзоиш диҳанд”,-гуфтааст вай.
Ёдрас мешавем, ки Рустам Миннихонов моҳи марти соли 2023 дар чаҳорчӯби сафари Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ба Тоҷикистон омада буд. Вай он замон низ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаро баррасӣ карда буд.
WB confirms its support for Tajikistan in developing green economy and achieving sustainable growth
With support from the EU, WHO and MoHSPP strengthen health policy through evidence-informed decision-making
Why IT specialists from Tajikistan are moving to Uzbekistan
Dushanbe to host 15th International Half Marathon on April 19
Three representatives of Tajikistan selected to participate in YPB program
The Government instructs to review distribution of income from the Roghun hydropower plant
How Tajik startup zypl.ai raises US$6 Million in just 30 minutes
Powerful earthquake strikes northeastern Tajikistan (updated)
Earthquake in Tajikistan claims the life of a three-year-old child
IFAD invests over US$115 Million in Tajikistan’s agrarian sector
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста