Дирӯз, 5-уми апрел, аз соати 8 то 12 дар бархе аз муассисаҳои давлатии тиббии Тоҷикистон маъракаи ташхису муоинаи ройгони сокинон баргузор шуд. Масъулин иддао карданд, ки ба шаҳрвандон баъзе ташхису озмоишҳо бепул дастрас хоҳад буд. Вале мушоҳидаи хабарнигори “Азия-Плюс” аз ин маърака нишон дод, ки на дар ҳамаи шуъбаҳо ташхис ройгон ба роҳ монда шуда буд
Хабарнигори мо барои мушоҳидаи ҷараёни баргузории ташхиси тиббии ройгон ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон ва Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи боло) рафт.
Кадом ташхисҳо ройгону кадоме пулакӣ буд?
Нахуст барои фаҳмидани номгӯйи ташхисҳои ройгон ва муоинаи тиббӣ ба Маркази миллии тиббии "Шифобахш" рафтем.
Тоҷиддин Пиров, муовини директори беморхонаи “Шифобахш” гуфт, ки дар дармонгоҳ ташхисҳои томаграфияи компютерӣ, МРТ, КТ ва ҷарроҳиҳои гаронарзиш ба рӯйхати озмоишҳои ройгон дохил нашудаанд.
“Тибқи фармон ба истиснои ташхисҳои гаронарсиш дигар озмоишҳо ройгонанд. Дар беморхона ташхисҳои рентген, ултрасадо, ЭКГ, ЭЭГ, таҳлилҳои умумии хуну пешоб ва қанд ройгон ҳастанд”,-зикр кард Тоҷиддин Пиров.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки озмоишҳои аз 1300 сомонӣ боло гаронарзиш ҳисобида шуда, дар ҳамаи муассисаҳои давлатии тиббӣ тамоми ташхисҳои то 1200 сомона ройгон барои сокинон дастрас мешавад.
“Танҳо машварат ройгон аст, рентген не”
Дар “Шифобахш” мо нахуст аз Шуъбаи қабули калонсолон, ки дар бинои 5-уми ин беморхона ҷойгир аст, дидан кардем. Дар даромадгоҳи ин шуъба духтуре ба мо гуфт, баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ройгон аст. Вале ба саволи мо дар бораи он ки мушаххас кадом намуди хидматрасониҳо бепул аст, посух надод. Танҳо гуфт, ҳамаи духтурони ин шуъба то нисфирӯзӣ сокинонро ройгон муоина мекунанд.
Тавре мушоҳида кардем, дар ин шуъба ташхисҳои ултрасадо (УЗИ), кори дил (ЭКГ), бемориҳои гӯшу гулӯ ва муоинаи духтурон ройгон буд.
Зани миёнсоле, ки аз ташхиси дил мегузашт бо фаҳмидани он, ки хидматрасонӣ ройгон аст, хурсанд шуд.
“Вале ҳозир рентген кардам, 50-сомонӣ гирифтанд, сабабашро нагуфтанд. Боз дар кадом бахшатон ташхису муоина ройгон аст?”,- пурсид аз духтур ӯ.
“Холаҷон фармон шудааст, ки то соати 12 аз сокинон барои ташхису муоина пул нагирем. Мо ба ин супориш амал карда истодаем, амали дигар духтуронро шарҳ дода наметавонам”,- посух дод духтури навбатдор.
Тавре мушоҳида кардем дар бахши рентгени ин шуъба аз сокинон барои ташхис маблағ мегирифтанд. Ба гуфтаи духтурон ин намуди ташхис ройгон набуда, аҳолӣ мисли қабл бояд маблағ пардохт кунанд.
“Рентген ройгон нест, дар ин шуъба танҳо машварати тиббӣ бепул пешниҳод мегардад”,-посух дод духтури ин бахш. Табиби дигар ба ҷавоби ӯ, илова кард, ки “танҳо дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ин намуди ташхис ройгон гузаронида мешавад”.
Барои санҷиш бо роҳхати пизишки умумӣ (терапевт) барои ташхиси умумии хун, ки дар пушти бинои 5-уми ин беморхона воқеъ буд, рафтем.
Ҳамширае, ки дар қабулгоҳ моро қабул кард, гуфт, ки ин ташхис пулакӣ аст.
“Ин ташхисгоҳ давлатӣ нест аз ташкилоти хусусӣ аст, шумо ба ташхисгоҳи давлатӣ муроҷиат кунед”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дар қисми даромадгоҳи ин бахш “муассисаи давлатӣ” навишта шуда буд. Ба мушоҳида мо дар ин беморхона танҳо дар бинои 5А ташхиси ройгони хуну пешоб дастрас буд.
“Духтурон дигар одам қабул намекунанд, аз рӯзи душанбе биёед...”
Ташхисгоҳи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, ки дар бинои 10-ум ҷойгир аст, яке аз ҷойҳое аст, ки сокинон бештар муроҷиат мекунанд. Дар даромадгоҳи ин марказ ҳамширае, ки дар ҳуҷраи ташхиси хун кор мекард, ба мо гуфт, “дар ин марказ озмоиши хуну пешоб ройгон аст”.
Дар даромадгоҳи “Шуъбаи ташхиси рентгенелогӣ, ултрасадо ва эндоскопӣ”-и ин марказ сокинони зиёде дар навбат истода буданд. Ба гуфтаи посбони ин шуъба, сокинон барои ташхиси бемории саратон пешакӣ вақт гирифтаанд.
“35 нафар номнавис шудагӣ ҳастанд, духтурон дигар одам қабул намекунанд, аз рӯзи душанбе биёед”,-гуфт нигаҳбон.
Ба иддаои Файзулло Райҳонов, муовини директори ин Марказ ба ҷуз озмоишгоҳе, ки ба ширкати “Фароз” дахл дорад ва хусусӣ аст, дигар ҳама хизматрасониҳо дар марказ ройгон будааст.

“Тибқи фармон ташхиси ултрсадо (УЗИ), рентген, томографияи компютерӣ, таҳлили ситология ва машварати тиббӣ ройгон мебошад. Мо худи ҳозир назорат кардем ҳамаи ин озмоишҳо ба сокинон бепул расонида шуда истодааст”,-гуфт ӯ.
“Дастгоҳ месӯзад, дигар одам қабул намекунем”
Соати 10:30 хабарнигори “Азия-Плюс” ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ чорабинии асосӣ бо ширкати роҳбарияти ин ниҳод ва дигар намояндагони соҳа баргузор мегардад рафт.
Дар саҳни бинои пажӯҳишгоҳ барои ташхису муоинаи шаҳрвандон ҳар як муассисаи давлатии тиббӣ ғурфа ташкил карда, барои ташхису муоина шароити заруриро таъмин карда буданд.
Сокинони зиёд дар навбат истода ба табибон дардашонро шарҳ медоданд. Пизишкон бо истифода аз таҷҳизоту лавозимоти тиббие, ки дар ихтиёр доштанд, ба сокинон хидмати ройгон мерасониданд. Ҳамчунин, гиёҳшиносон, ки дар ғурфаҳои худ маҳсулоти табии шифобахшро ба намоиш гузошта буданд, ба сокинон вобаста ба дардашон аз ҳар гиёҳ ройгон медоданд.
Дар дохили бинои асосии пажӯҳишгоҳ сокинони зиёд дар назди ҳуҷраи рентген дар навбат буданд. Духтаре, ки онҳоро ташхис мекард, гуфт, дигар ҳеҷ касро озмоиш намекунанд.
“Аз саҳар 60 нафарро қабул кардам. Ин дастгоҳ дигар тавоноии аз ин бештарро надорад, месӯзад. Ҳатто як нафари дигарро дигар рентген намекунам. Метавонед ба дигар ҷо рафта рентген кунед”,-садом баланд кард ин духтур.
“Бояд ташхисҳои қиматро ройгон кунанд”
Ҳарчанд бархе сокинон аз ин иқдом розӣ буданд, вале мегуфтанд, бояд чунин маъракаҳо чанд рӯз давом кунад.
“Бояд, ки чунин иқдомро бештар амалӣ кунанд ва вақташро зиёд муайян кунанд. Имрӯз, ки то соати 12 аст на ҳама фурсат пайдо мекунанд ва ҳам навбат ҳам намерасад. Ҳозир ба гӯшаи доруҳо рафтам гуфтанд, ки доруҳояшон тамом шудааст”,-гуфт як сокини бузургсоли пойтахт.
Бибисафия, ки модарашро ба ташхис овардааст мегӯяд, ки на ҳамаи ташхисҳои муҳимро дар ин гуна маъракаҳо ройгон мекунанд.
“Бештар он озмоишҳое, ки маблағашон на он қадар зиёд аст ройгон аст гуфта эълон мекунанд. Агар минбаъд ташхисҳое ба мисли МРТ, КТ, озмоишҳои муайянкунандаи бемориҳои саратонро агар ба таври ройгон кунанд ва муҳлаташро низ ҳадди аққал то 10 рӯз бештар кунанд беҳтар хоҳад буд”,-пешниҳод кард ӯ.
Дар ин ду бемористоне, ки рафтем аз сокинон барои ройгон ташхис шуданашон ҳуҷҷати камбизоатӣ ё маъюбӣ низ талаб мекарданд. Дар ҳолате, ки чунин ҳуҷҷатҳоро надошта бошанд, доштани роҳхати духтур зарур буд.
Бояд гуфт, ки ин маърака дар доираи Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳар сол 7-уми апрел таҷлил мегардад баргузор гардид.
Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ, дар ин рӯз ба беш аз 53 ҳазор сокини кишвар ташхису муоинаи ройгон расонида шуд. Вале тавре мушоҳида нишон дод, на ҳамаи ин сокинон аз ройгон аз ташхис гузаштанд ва ё аз муоинаҳои барои онҳо зарурӣ баҳра бурданд.
What will happen if Russia lifts the ban on the Taliban's activities?
WB confirms its support for Tajikistan in developing green economy and achieving sustainable growth
With support from the EU, WHO and MoHSPP strengthen health policy through evidence-informed decision-making
Why IT specialists from Tajikistan are moving to Uzbekistan
Dushanbe to host 15th International Half Marathon on April 19
Three representatives of Tajikistan selected to participate in YPB program
The Government instructs to review distribution of income from the Roghun hydropower plant
How Tajik startup zypl.ai raises US$6 Million in just 30 minutes
Powerful earthquake strikes northeastern Tajikistan (updated)
Earthquake in Tajikistan claims the life of a three-year-old child
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста